< Муборак бод: Медведев ба Расулзода барқияи табрикотӣ ирсол кард » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Муборак бод: Медведев ба Расулзода барқияи табрикотӣ ирсол кард

Муборак бод: Медведев ба Расулзода барқияи табрикотӣ ирсол кард
Нахуствазири Русия Дмитрий Медведев нахуствазирони Тоҷикистон, Узбакистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва кишварҳои узви собиқ Иттиҳоди Шӯравиро бо 74-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги бузурги ватанӣ шодбош гуфт

Нахуствазири Русия Дмитрий Медведев сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзодаро бо 74-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги бузурги ватанӣ шодбош гуфт, хабар медиҳад дафтари матбуоти ҳукумати Русия.

"Дмитрий Медведев сарони ҳукуматҳои Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Қазоқстон, Молдова, сарвазири Тоҷикистон, Туркманистон, Узбакистон, Абхазия,  Осетияи Ҷанубиро бо 74-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги бузурги ватаниро шодбош гуфт", - гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Дар барқияи табрикотӣ қайд карда мешавад, ки "хотири қаҳрамониҳои падарону бобоёни мо, ки дар ақибгоҳҳои Ҷанги бузурги ватанӣ ҷангидаанд ва фидокориҳои заҳматкашон дар ёди наслҳои ҳозираву ояндаи мо ҷаводион мемонад".
 
Ҳамчунин Медведев изҳори боварӣ кардааст, ки "бародариву дӯстии мардумони мо, ки дар даврони ҷанги мудҳиш мустаҳкам шудааст, дар оянда ҳамчун асоси муҳим дар муносибатҳои ҳамаҷониба ва ҳамкориҳои стратегӣ хизмат хоҳад кард".
 
Ӯ дар ин нома собиқадорони ҷангу меҳнатро низ шодбош гуфтааст.

Комментарии (0)

Оставить комментарий