АЗ ПАЁМ ТО ПАЁМ. Дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисод саривақт, босифат ва дар сатҳи баланд иҷро мешаванд
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 28 декабри соли 2024 ҳуҷҷати дастурӣ, барномаи мукаммали раҳнамои Ҳукумати ҷумҳурӣ, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Ҳамасола муътадил нигоҳ доштани суръати рушди иқтисоди мамлакат, бахусус тавассути татбиқи самараноки барномаву нақшаҳои қабулгардида яке аз вазифаҳои асосии Ҳукумати мамлакат муайян карда шудааст.
Мусаллам аст, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тамоми соҳаҳои хоҷагии халқро дар бар мегирад. Дар баробари ин, дар тамоми матн ва доираи дастуру супоришҳо масъалаҳои иқтисодӣ, аз ҷумла молияи давлатӣ, андоз, гумрук, низоми бонкӣ, ҷалби сармоя, навоварӣ, рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ мақоми хоса доранд.
Дар доираи дастуру ҳидоятҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ бармеоянд, масъулони соҳаҳои иқтисод вазифадор гардидаанд, ки иҷрои саривақтӣ, босифати барномаву нақшаҳои қабулгардида ва дар ин замина рушди иқтисоди кишварро дар соли 2025 дар сатҳи на кам аз 8 фоиз таъмин намоянд.
Новобаста аз дурнамо ва пешгӯии баъзе ташкилотҳои молиявии байналмиллалӣ, дар робита ба эҳтимоли коҳиш ёфтани суръати рушди иқтисоди ҷумҳурӣ дар соли 2025, аз ҷумла мувофиқи дурнамои Бонки ҷаҳонӣ 7 фоиз ва Бонки Осиёии рушд 7,4 фоиз дар назар дошта шуда буд, ки тасдиқи худро наёфтанд.
Фаъолияти иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 сарфи назар аз таъсири омилҳои манфии берунӣ, тағйирёбии иқлим, вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ, амниятии ҷаҳон, ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, аз ҷумла тавассути рушди бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад.
Бо муҳайё гардидани заминаҳои ҳуқуқӣ ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор дар самти гузариш ба иқтисоди рақамӣ, аз ҷумла фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар барои гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ, хизматрасонии ғайринақдӣ», эълон гардидани солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия», «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ», «Дар бораи масъалаҳои пешниҳоди хидматрасониҳои давлатӣ дар шакли электронӣ», ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронӣ», таҳия ва қабул гардидани «Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» ва нақшаи амали он дар марҳилаи якум (солҳои 2023-2025), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи имзои электронии рақамӣ», санадҳои меъёрӣ ҳуқуқии зиёди соҳавӣ ва дигар заминаҳои устувори ҳуқуқӣ имконият фароҳам овард, ки нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ мусбат арзёбӣ гардида, рушди иқтисодиётро дар сатҳи муътадил таъмин намоянд.
Аз ин ҷост, ки натиҷаи фаъолияти мусбии иқтисодии Ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2025, пеш аз ҳама ба сиёсати оқилона ва нарми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқамандӣ дорад. Аз ҷумла, мувофиқи маълумоти нишондиҳандаи кӯтоҳмуҳлати рушди соҳаҳои асосии иқтисод бо нархҳои ҷорӣ 176,9 миллиард сомонӣ, бо афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, бо ифодаи воқеӣ 8,4 фоиз, аз ҷумла ҳиссаи соҳаи кишоварзӣ, хоҷагии ҷангал ва моҳидорӣ ба маблағи 84,6 миллиард сомонӣ бо афзоиши 9,5 фоиз, саноат ба маблағи 66,7 миллиард сомонӣ бо афзоиши 22,8 фоиз, сохтмон 28,7 миллиард сомонӣ бо афзоиши 23 фоиз ташкил дод, ки суръати рушди иқтисодӣ бо тамоюли мусбии соҳаҳои асосии иқтисодӣ (кишоварзӣ, саноат, сохтмон) асоснок карда мешавад. Гардиши савдои хориҷӣ 10,7 миллиард доллари амрикоиро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 20,5 фоиз зиёд шудааст.
Дар ин давра, меъёри тавварум дар сатҳи муътадил қарор дошта 3,5 фоизро ташкил намуд. Ба ташаккули сатҳи таваррум дар ин давра асосан тағйироти нархи маҳсулоти озуқаворӣ ва молҳои ғайриозуқаворӣ ва афзоиши хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ, таъсир расонидаанд ва новобаста аз ин, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,1 банди фоизи кам мебошад.
Мувофиқи маълумоти расмии Бонки миллии Тоҷикистон, қурби пуллӣ миллӣ дар сатҳи муътадил нигоҳ дошта шуда, 1 доллари амрикоӣ 9,2 сомонӣ, 1 Евро 10,8 сомонӣ ва 1 рубли русӣ 0,1178 сомониро ташкил намуд.
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашудаи низоми бонкӣ дар ин давра 30 миллиард сомониро ташкил намуд. Раванди қарздиҳӣ аз рӯи соҳаҳо чун гузашта, соҳаи кишоварзӣ, саноат ва сохтмон мавқеи калидӣ дошта, аз рӯи минтақаҳо Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон дар сархати аввал қарор дорад.
Нишондиҳандаҳои буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин давра мусбӣ арзёбӣ гардида, ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ 60,3миллиард сомонӣ, бо афзоиши 7,0 миллиард сомонӣ ва 113,2 фоизи нақшаи аниқшударо ташкил додааст. Иҷрои воридоти даромадҳои андозӣ 37,4 миллиард сомонӣ ё 115,6 фоизи нақшаи аниқшуда, бо афзоиши 5,0 миллиард сомонӣ, таъмин карда шудааст, ки ҳиссаи воридоти андоз дар ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ зиёда аз 64 фоиз мебошад. Воридоти даромадҳои ғайриандозӣ бошад, дар ҳаҷми умумии даромад 10,3 фоиз ё 5,5 миллиард сомонӣ мебошад, ки нисбат ба нақшаи аниқшуда қариб як маротиба барзиёд таъмин карда шудааст ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,3 миллиард сомонӣ зиёд, дар таркиби сохтори буҷети ҷумҳуриявӣ афзоиши нишондиҳандаи мазкур 74,2 фоиз ва фаъолияти иқтисодии берунӣ (Хадамоти гумрук) 12,7 миллиард сомонӣ бо афзоиши 2,9 миллиард сомонӣ 30,4 фоизро ташкил додааст.
Хароҷоти буҷети давлатӣ дар ин муддат 60,1 миллард сомонӣ буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10,1 миллиард сомонӣ зиёд мебошад ва 81,8 фоизи нақшаи аниқшударо ташкил додааст.
Нишондиҳандаҳои қарзи давлатӣ дар сатҳи муътадил қарор дошта, ҳаҷми умумии он 3,5 миллиард доллари амрикоӣ ва 19,2 фоизи Маҷмуи маҳсулоти дохилиро ташкил намудааст. Маблағгузории хизматрасонии қарзи давлатӣ аз рӯи ҷадвали тасдиқгардида ва дар муҳлатҳои муқарраршуда ба маблағи зиёда аз 504,6 миллион доллари амрикоӣ, аз ҷумла 416,3 миллион доллари амрикоӣ барои пардохти қарзи асосӣ ва 88,3 миллион доллари амрикоӣ ҷиҳати пардохти фоизи қарзи асосӣ таъмин карда шудааст. Нишондиҳандаи дигари мусбӣ ва хушҳолкунанда ин аст, ки дар давраи ҳисоботӣ дар маҷмӯъ ҳаҷми умумии қарзи давлатӣ ба маблағи 100 миллион доллари амрикоӣ коҳиш ёфтааст.
Мусаллам аст, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тамоми соҳаҳои хоҷагии халқро дар бар мегирад. Дар баробари ин, дар тамоми матн ва доираи дастуру супоришҳо масъалаҳои иқтисодӣ, аз ҷумла молияи давлатӣ, андоз, гумрук, низоми бонкӣ, ҷалби сармоя, навоварӣ, рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ мақоми хоса доранд.
Дар доираи дастуру ҳидоятҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ бармеоянд, масъулони соҳаҳои иқтисод вазифадор гардидаанд, ки иҷрои саривақтӣ, босифати барномаву нақшаҳои қабулгардида ва дар ин замина рушди иқтисоди кишварро дар соли 2025 дар сатҳи на кам аз 8 фоиз таъмин намоянд.
Новобаста аз дурнамо ва пешгӯии баъзе ташкилотҳои молиявии байналмиллалӣ, дар робита ба эҳтимоли коҳиш ёфтани суръати рушди иқтисоди ҷумҳурӣ дар соли 2025, аз ҷумла мувофиқи дурнамои Бонки ҷаҳонӣ 7 фоиз ва Бонки Осиёии рушд 7,4 фоиз дар назар дошта шуда буд, ки тасдиқи худро наёфтанд.
Фаъолияти иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 сарфи назар аз таъсири омилҳои манфии берунӣ, тағйирёбии иқлим, вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ, амниятии ҷаҳон, ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, аз ҷумла тавассути рушди бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад.Бо муҳайё гардидани заминаҳои ҳуқуқӣ ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор дар самти гузариш ба иқтисоди рақамӣ, аз ҷумла фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар барои гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ, хизматрасонии ғайринақдӣ», эълон гардидани солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия», «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ», «Дар бораи масъалаҳои пешниҳоди хидматрасониҳои давлатӣ дар шакли электронӣ», ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронӣ», таҳия ва қабул гардидани «Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» ва нақшаи амали он дар марҳилаи якум (солҳои 2023-2025), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи имзои электронии рақамӣ», санадҳои меъёрӣ ҳуқуқии зиёди соҳавӣ ва дигар заминаҳои устувори ҳуқуқӣ имконият фароҳам овард, ки нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ мусбат арзёбӣ гардида, рушди иқтисодиётро дар сатҳи муътадил таъмин намоянд.
Аз ин ҷост, ки натиҷаи фаъолияти мусбии иқтисодии Ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2025, пеш аз ҳама ба сиёсати оқилона ва нарми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқамандӣ дорад. Аз ҷумла, мувофиқи маълумоти нишондиҳандаи кӯтоҳмуҳлати рушди соҳаҳои асосии иқтисод бо нархҳои ҷорӣ 176,9 миллиард сомонӣ, бо афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, бо ифодаи воқеӣ 8,4 фоиз, аз ҷумла ҳиссаи соҳаи кишоварзӣ, хоҷагии ҷангал ва моҳидорӣ ба маблағи 84,6 миллиард сомонӣ бо афзоиши 9,5 фоиз, саноат ба маблағи 66,7 миллиард сомонӣ бо афзоиши 22,8 фоиз, сохтмон 28,7 миллиард сомонӣ бо афзоиши 23 фоиз ташкил дод, ки суръати рушди иқтисодӣ бо тамоюли мусбии соҳаҳои асосии иқтисодӣ (кишоварзӣ, саноат, сохтмон) асоснок карда мешавад. Гардиши савдои хориҷӣ 10,7 миллиард доллари амрикоиро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 20,5 фоиз зиёд шудааст.
Дар ин давра, меъёри тавварум дар сатҳи муътадил қарор дошта 3,5 фоизро ташкил намуд. Ба ташаккули сатҳи таваррум дар ин давра асосан тағйироти нархи маҳсулоти озуқаворӣ ва молҳои ғайриозуқаворӣ ва афзоиши хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ, таъсир расонидаанд ва новобаста аз ин, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,1 банди фоизи кам мебошад.
Мувофиқи маълумоти расмии Бонки миллии Тоҷикистон, қурби пуллӣ миллӣ дар сатҳи муътадил нигоҳ дошта шуда, 1 доллари амрикоӣ 9,2 сомонӣ, 1 Евро 10,8 сомонӣ ва 1 рубли русӣ 0,1178 сомониро ташкил намуд.
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашудаи низоми бонкӣ дар ин давра 30 миллиард сомониро ташкил намуд. Раванди қарздиҳӣ аз рӯи соҳаҳо чун гузашта, соҳаи кишоварзӣ, саноат ва сохтмон мавқеи калидӣ дошта, аз рӯи минтақаҳо Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон дар сархати аввал қарор дорад.
Нишондиҳандаҳои буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин давра мусбӣ арзёбӣ гардида, ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ 60,3миллиард сомонӣ, бо афзоиши 7,0 миллиард сомонӣ ва 113,2 фоизи нақшаи аниқшударо ташкил додааст. Иҷрои воридоти даромадҳои андозӣ 37,4 миллиард сомонӣ ё 115,6 фоизи нақшаи аниқшуда, бо афзоиши 5,0 миллиард сомонӣ, таъмин карда шудааст, ки ҳиссаи воридоти андоз дар ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ зиёда аз 64 фоиз мебошад. Воридоти даромадҳои ғайриандозӣ бошад, дар ҳаҷми умумии даромад 10,3 фоиз ё 5,5 миллиард сомонӣ мебошад, ки нисбат ба нақшаи аниқшуда қариб як маротиба барзиёд таъмин карда шудааст ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,3 миллиард сомонӣ зиёд, дар таркиби сохтори буҷети ҷумҳуриявӣ афзоиши нишондиҳандаи мазкур 74,2 фоиз ва фаъолияти иқтисодии берунӣ (Хадамоти гумрук) 12,7 миллиард сомонӣ бо афзоиши 2,9 миллиард сомонӣ 30,4 фоизро ташкил додааст.
Хароҷоти буҷети давлатӣ дар ин муддат 60,1 миллард сомонӣ буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10,1 миллиард сомонӣ зиёд мебошад ва 81,8 фоизи нақшаи аниқшударо ташкил додааст.
Нишондиҳандаҳои қарзи давлатӣ дар сатҳи муътадил қарор дошта, ҳаҷми умумии он 3,5 миллиард доллари амрикоӣ ва 19,2 фоизи Маҷмуи маҳсулоти дохилиро ташкил намудааст. Маблағгузории хизматрасонии қарзи давлатӣ аз рӯи ҷадвали тасдиқгардида ва дар муҳлатҳои муқарраршуда ба маблағи зиёда аз 504,6 миллион доллари амрикоӣ, аз ҷумла 416,3 миллион доллари амрикоӣ барои пардохти қарзи асосӣ ва 88,3 миллион доллари амрикоӣ ҷиҳати пардохти фоизи қарзи асосӣ таъмин карда шудааст. Нишондиҳандаи дигари мусбӣ ва хушҳолкунанда ин аст, ки дар давраи ҳисоботӣ дар маҷмӯъ ҳаҷми умумии қарзи давлатӣ ба маблағи 100 миллион доллари амрикоӣ коҳиш ёфтааст.
Сарчашма:https://khovar.tj/2026/05/az-payom-to-payom-dasturu-suporish-oi-prezidenti-um-urii-to-ikiston-dar-so-a-oi-i-tisod-sariva-t-bosifat-va-dar-sat-i-baland-i-ro-meshavand/
Комментарии (0)