Идомаи сафари хизматии гуруҳи кории ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Белгради Ҷумҳурии Сербия
Ёрдамчии директори Департаменти политсияи Сербия полковник Владан Родиславович дар бораи ташкил, сохтор ва самтҳои асосии фаъолияти Департаменти политсия баромад намуда, ҳангоми мубодилаи афкор ҷонибҳо ҳамкориҳои дуҷониба ва табодули таҷриба дар самтҳои гуногуни фаъолияти политсия, аз ҷумла муқовимат ба коррупсия, мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, инчунин ташкил ва гузаронидани машқҳои муштаракро мувофиқи мақсад донистанд.
Дар қисмати дуюми чорабинӣ доир ба инкишофи политсия ва ҳамкории он бо ҷомеа маърӯза карда шуд. Иброз гардид, ки ислоҳоти милитсия дар чор унсур асос меёбад: заминаҳои ҳуқуқӣ, шакли либоси низомӣ, модели фаъолият ва алоқа бо ҷомеа.
Дар бораи заминаҳои ҳуқуқӣ, ташкили фаъолият ва ҳамоҳангсозии бехатарии ҳаракат дар роҳ ва омилҳои сар задани ҳуқуқвайронкуниҳо низ баромадкунандагон андешаронӣ намуданд. Ҳамчунин, роҷеъ ба рақамикунонии фаъолияти раёсатҳои политсия дар якҷоягӣ бо дигар вазорату идораҳо, инчунин дар раванди фаъолият тадбиқи истифодаи зеҳни сунъӣ мавзӯҳои чорабинӣ буданд.
Сафари гуруҳи кории ВКД дар шаҳри Белгради Ҷумҳурии Сербия идома дорад.

Сарчашма: vkd.tj

Комментарии (0)