< Осиф Дурронӣ: “Субот дар Афғонистон вобаста ба як низоми сиёсии фарогир ва қонунӣ аст” » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Осиф Дурронӣ: “Субот дар Афғонистон вобаста ба як низоми сиёсии фарогир ва қонунӣ аст”

Осиф Дурронӣ: “Субот дар Афғонистон вобаста ба як низоми сиёсии фарогир ва қонунӣ аст”
​Дурронӣ рӯзи 4-уми май дар сафҳаи корбарии худ дар шабакаи иҷтимоии «Икс» навишта, ки пардохтан ба тағйири режим бештар бо ҳадафҳои берунӣ ҳамоҳангӣ дорад ва монеи тамаркуз бар ниёзи асосии Афғонистон, яъне эҷоди як низоми сиёсии ҳамашумул, мешавад.

Ӯ афзуда, ки амният замоне таъмин мешавад, ки як сохтори сиёсии фарогир ва ҳуқуқӣ тавассути худи афғонистониҳо шакл бигирад.

Ӯ таъкид кардааст, ки гурӯҳи террористии Толибон ҳузури сиёсиро намепазиранд ва ин амали онҳо ояндаашонро зери суол бурдааст.

Дурронӣ ҳушдор дода, ки ҳеч вазъияти пойдоре бар пояи ҳазф ва маҳдуд кардан давом намеёбад ва низоме, ки бозтобдиҳандаи гуногунии Афғонистон набошад, шикананда хоҳад монд.

Гуфтанист, ки гурӯҳи террористии Толибон баъди ғасби ҳокимият дар Афғонистон ба нақзи ҳуқуқи қавмҳо пардохтаанд ва хусусан тоҷикон, ки 45 дарсади аҳолии ин кишвар мебошанд, ба маҳдудиятҳои гурӯҳи террористии Толибон ҳам дар қудрат ва ҳам дар ҳаёти иҷтимоӣ бештар рӯ ба рӯ ҳастанд.


Сарчашма: dialog.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий