Имсол низ ба ҳар як иштирокчии ҶБВ 50 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад
Имсол Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба ҳар як иштирокчии Ҷанги бузурги ватанӣ дар Тоҷикистон (ҶБВ), ки ҳоло 8 нафар боқӣ мондаанд, 50 ҳазор сомонӣ ҷудо кардааст. Дар ин бора Алишер Шарифов, муовини раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» хабар дод.
Ба гуфтаи номбурда, ин маблағ то 9-уми май ба ҳамаи собиқадорони ҶБВ супорида мешавад. Маълум нест, ки ин маблағ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ҷудо мешавад ва ё аз фонди махсуси раисҷумҳури кишвар.
Соли гузашта низ раисҷумҳур ба ҳар як ширкаткунандаи ҶБВ дар кишвар, ки он замон 17 нафар буданд, 50 ҳазор сомонӣ ҷудо карда буд.
Ҳар сол ба муносибати Иди Ғалаба, ҳукуматҳои маҳаллӣ низ ба собиқадорони ҶБВ, ки дар минтақаашон зиндигӣ мекунанд, маблағ ҷудо мекунанд.
Маълум нест, ки шаҳрдории Душанбе ва ҳукумати вилояти Хатлон ба иштирокчиёни ҶБВ чӣ қадар маблағ ҷудо кардаанд.
Имсол ҳукумати вилояти Суғд ба ҳар як собиқадори ҶБВ, ки ҳоло дар ин минтақа 2 нафар мондаанд, 25 ҳазор сомонӣ ҷудо кардааст. Ҳамчунин, ба ҳар як ширкаткунандаи ақибгоҳ, ки 39 кас ҳастанд, 10 ҳазор сомонӣ, дар умум 390 ҳазор сомонӣ супорида мешавад.Дар баробари ин, ҳар сол аз номи раисони шаҳру навоҳӣ низ ба собиқадорони ҶБВ, ки дар шаҳру ноҳияҳо зиндагӣ мекунанд, кӯмакҳои молӣ расонида мешавад.
Дар Тоҷикистон ба ҳолати 30-юми апрели соли 2026-ум 8 собиқадори ҶБВ умр ба сар мебаранд. Рӯзи 30-юми апрел Мирзо Ғафуров, собиқадори ҶБВ аз ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон, ки 100 сола буд, даргузашт. Се рӯ пеш аз ин, 27-уми апрел Раҷаб Исмонов, охирин собиқадори ҶБВ аз Ҳисор, ки 100 сол дошт, вафот кард. Соли гузашта теъдоди собиқадорон 17 нафар буд.
Ёдрас мешавем, ки аз Тоҷикистон ба ҷабҳаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳудуди 300 ҳазор нафар сафарбар шуда, 92 ҳазор нафари онҳо ҳалок ва беному нишон шуданд.
Соли 2005 теъдоди собиқадорони ҶБВ 9 ҳазору 900 нафар, соли 2020 — 168, соли 2021 — 98, соли 2022 — 59, соли 2023 — 42, соли 2024 — 24 ва соли 2025-ум 17 нафарро ташкил медод. Дар муддати 22-сол 9 ҳазору 890 собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дунёро тарк кардаанд.
Сарчашма: asiaplus.news

Комментарии (0)