Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё
Дар рӯзи аввали мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё, ки дар шаҳри Ордоси Чин ҷараён дорад, паҳлавонони тоҷик се медал — 1 тилло, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ гирифтанд.
Эмомалӣ Нуралӣ ва Обид Ҷебов, ду ҷудокори шинохтаи тоҷик дар вазни то 66 кг пас аз шикасти ҳарифонашон ба даври ниҳоии мусобиқа роҳ ёфта, бо ҳам мубориза бурданд. Дар ин финали тоҷикӣ Эмомалӣ Нуралӣ бартарӣ нишон дода, пирӯз ва қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов зинаи дуюм ва медали нуқраро ба даст овард.

Барои Тоҷикистон бори охир соли 2017 аз қаҳрамонии Осиё Комроншоҳи Устопириён медали тилло оварда буд.
Ҳамчунин, дирӯз, 16-уми апрел Мадина Қурбонзода дар вазни то 52 кг ба гирифтани медали биринҷӣ даст ёфт. Ӯ дар мубориза барои ҷои сеюм Тсуи Шук аз Чинро шикаст дод. Ин аввалин дастовард барои занони тоҷик аз қаҳрамонии ҷудои Осиё аст.

Ҳамчунин, дар ин рӯз, се ҷудокори дигари тоҷик — Меҳрзод Суфиев (дар вазни то 60 кг), Аҳлия Муъминова (дар вазни то 48 кг) ва Александра Кан (дар вазни то 57 кг) низ рақобатҳои худро баргузор карданд, вале онҳо дар марҳилаҳои гуногун ноком ва аз медалҳо маҳрум шуданд.
Тоҷикистонро дар қаҳрамонии ҷудои Осиё, ки то 18-уми апрел идома меёбад, имсол 13 варзишгар (9 мард ва 4 зан) муаррифӣ мекунанд.
Бояд гуфт, ки имрӯз, 17-уми апрел қувваозмоиҳо дар вазнҳои — 73 кг, -81 кг байни мардон ва — 63 кг, -70 кг миёни занон мегузарад. Ҳамчунин, рӯзи 18-уми апрел қувваозмоиҳо дар вазнҳои -78 кг, +78 кг миёни занон ва -90 кг, -100 кг, +100 кг байни мардон баргузор мешавад.
Ёдовар мешавем, варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои Осиё, ки моҳи апрели соли гузашта дар шаҳри Бангкоки Тайланд баргузор шуд, 7 медал (2 нуқра ва 5 биринҷӣ) ба даст оварда буданд.
Сарчашма: asiaplus.news

- Эмомалӣ Нуралӣ (- 66);
- Обид Ҷебов (- 66);
- Муҳиддин Асадуллоев (-73 кг);
- Сомон Маҳмадбеков (-81 кг);
- Беҳрӯзи Хоҷазода (-81 кг);
- Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода (-90 кг);
- Шодмон Ризоев (-90 кг);
- Ҷаҳонгир Маҷидов (-100 кг);
- Меҳрзод Суфиев (60 кг);
- Аҳлия Муъминова (48 кг);
- Мадина Курбонзода (52 кг),
- Александра Кан (-57 кг);
- Виктория Киселёва (+78 кг).
Бояд гуфт, ки имрӯз, 17-уми апрел қувваозмоиҳо дар вазнҳои — 73 кг, -81 кг байни мардон ва — 63 кг, -70 кг миёни занон мегузарад. Ҳамчунин, рӯзи 18-уми апрел қувваозмоиҳо дар вазнҳои -78 кг, +78 кг миёни занон ва -90 кг, -100 кг, +100 кг байни мардон баргузор мешавад.
Ёдовар мешавем, варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои Осиё, ки моҳи апрели соли гузашта дар шаҳри Бангкоки Тайланд баргузор шуд, 7 медал (2 нуқра ва 5 биринҷӣ) ба даст оварда буданд.
Сарчашма: asiaplus.news
Комментарии (0)