< Исроил ва Лубнон барои баргузории музокироти мустақим ба созиш расидаанд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Исроил ва Лубнон барои баргузории музокироти мустақим ба созиш расидаанд

Исроил ва Лубнон барои баргузории музокироти мустақим ба созиш расидаанд
​Ба навиштаи «Ал-Ҷазира», ду кишвар аз соли 1983 ба ин сӯ чунин мулоқоти рӯ дар рӯе надоштаанд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико эълон кард, ки Исроил ва Лубнон пас аз мулоқоти сеҷониба бо Амрико ба мувофиқа расиданд, ки музокироти мустақимро дар вақт ва маконе, ки ба таври муштарак муайян мешавад, оғоз кунанд.

Сафири Исроил пас аз мулоқот бо ҳамтоии лубнонияш гуфтааст, ки «марзҳои байни ду кишвар ба таври возеҳ ва дақиқ муайян карда мешаванд» ва ягона далели воридшавии сокинони ду кишвар ба қаламрави якдигар« ё бо либоси корӣ ё бо либоси шиноварӣ барои истироҳат» хоҳад буд. Ӯ иддао кардааст, ки «Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон «беш аз ҳарвақта заиф шудааст» ва Исроил талошҳои худро барои «поксозии» ин гурӯҳ идома хоҳад дод.


Йехиэл Лейтер афзудааст, ки ҳукумати Лубнон акнун метавонад ба «давраи нави сулҳ» ворид шавад.

Сафири Лубнон дар Амрико ҳам гуфтугӯҳои аввалия бо ҳамтои исроилияшро «созанда» хонда, бар «зарурати фаврӣ иҷрои пурра"-и созишномаи қатъи дарагириҳо дар моҳи ноябри соли 2024 таъкид кардааст. Ин созишнома пас аз 13 моҳи низоъ байни Исроил ва «Ҳизбуллоҳ» ба даст омада буд, вале пас аз он ҳам ҳамлаҳои Исроил ба Лубнон идома дошт.

Сафири Лубнон илова кардааст, ки ӯ, инчунин, хостори оташбас ва бозгашти овораҳои лубнонӣ ба хонаҳояшон шудааст.

Вале ба навиштаи «Ал-Ҷазира», Исроил аз баррасии оташбас бо Лубнон худдорӣ карда, ба ҷои ин аз Бейрут хостааст, ки «Ҳизбуллоҳ"-ро халъи силоҳ кунад. Вале ин гурӯҳ чунин талабро намепазирад.



«Ҳизбуллоҳ» мухолифи музокироти мустақим буд ва дар намояндааш дар он ҳузур надошт. Наим Қосим, раҳбари ин гурӯҳ қабл аз баргузории гуфтугӯҳои Исроил ва Лубнон хостори бекор кардани он шуда, музокираро «беҳуда» тавсиф карда буд.


Ҳамлаҳои идомаёбандаи Исроил дар Лубнон созиши оташбаси шиканандаеро, ки рӯзи 8-уми апрел барои қатъи даргирӣ ба муддати ду ҳафта миёни Амрико ва Эрон ба даст омада буд, зери суол бурд. Эрон ва миёнҷигари оташбас Покистон гуфтанд, ки Лубнон дар оташбаси аввалия шомил буд, дар ҳоле ки Амрико ва Исроил иддао доранд, ки ингуна нест.

«Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон пас аз кушта шудани Алии Хоманаӣ, раҳбари пешини Эрон аз сӯйи Амрико, рӯзи 2-юми март дар ҳамбастагӣ бо Теҳрон ба даргириҳо дар Ховари Миёна пайваст ва ба Исроил ҳамла кард. Пас аз ин, Исроил вориди хоки Лубнон шуд ва он ҷо ҳамлаҳои ҳавоиву заминиро роҳандозӣ кард, ки то кунун боиси куштани беш аз 2 ҳазор нафар ва овора гардидани беш аз 1 миллион тани дигар шудааст.

«Ҳизбуллоҳ» дар даргириҳо бо Исроил дасти кам 12 сарбози ин кишварро кушт.

Ҳоло даргириҳои ду тараф идома доранд ва Исроил ба Лубнон ҳамлаҳои сангини ҳавоӣ анҷом медиҳад. Рӯзи 8 апрел, каме пас аз эълони оташбас Миёни Амрико ва Эрон, Исроил беш аз 100 ҳамлаи ҳавоӣ дар саросари Лубнон, аз ҷумла дар Бейрут, пойтахти он анҷом дод, ки дар натиҷа беш аз 350 нафар кушта шуданд. Ин яке аз рӯзҳои пурқурбонитарини ҷанги Исроил ва Лубнон то ба ҳол будааст.


Сарчашма: asiaplus.news​

Комментарии (0)

Оставить комментарий