Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
"Умедворем, ки музокираҳои рӯзҳои наздик байни тарафҳои низоъ пешбинишуда сабаби сулҳи дарозмуддат ва ҳамаҷониба дар минтақа мегарданд.
Боварӣ дорем, ки ин низоъ роҳи ҳалли низомӣ надорад ва идомаи он танҳо вазъи мураккаби Ховари Миёнаро боз ҳам сангинтар гардонида, ба ҳамаи кишварҳои минтақа зарари ҷиддӣ хоҳад расонд.
Тоҷикистон бори дигар аз тарафҳои низоъ даъват ба амал меорад, ки аз истифодаи қувваи низомӣ даст кашида, роҳҳои сиёсӣ-дипломатиро дар асоси меъёрҳои бунёдии ҳуқуқи байналмилалӣ ва Низомномаи Созмони Милали Муттаҳид ба кор гиранд«, — гуфта мешавад дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна.
Сарчашма: khovar.tj

Комментарии (0)