< Намояндаи эронитабори Конгресси Амрико: “Трамп таҳдиде барои ҷаҳон аст” » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Намояндаи эронитабори Конгресси Амрико: “Трамп таҳдиде барои ҷаҳон аст”

Намояндаи эронитабори Конгресси Амрико: “Трамп таҳдиде барои ҷаҳон аст”
​Ин намояндаи Конгресс аз тағйири 25-уми Қонуни асосии Амрикоро чунин ёдоварӣ кард: «Агар муовини раиси ҷумҳур ва аксарияти вазирони кобина ба ин натиҷа бирасанд, ки раиси ҷумҳур қодир ба анҷоми уҳдадорӣ ва вазифаҳои худ нест, онҳо метавонанд ин масъаларо ба таври хаттӣ ба раҳбарони Конгресси Амрико ирсол кунанд. Пас аз ин, муовини раиси ҷумҳур фавран сарпарасти раёсати ҷумҳурӣ мешавад. Агар раиси ҷумҳур дар ин маврид ихтилофи назар дошта бошад, Конгресс бо ду се ҳиссаи овозҳои Маҷлиси намояндагон ва Сенат метавонад муовини раиси ҷумҳурро дар ин мақом нигоҳ дорад».

Вай афзуд: «Раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида як фарди ноустувор ва хатарнок аст ва таҳдиде барои амнияти миллии кишвари мо ва тамоми ҷаҳон ба шумор меравад».

Сарчашма: dialog.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий