< Валӣ Наср: «Исроил дар садади осеб задан ба иқтисоди Эрон аст» » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Валӣ Наср: «Исроил дар садади осеб задан ба иқтисоди Эрон аст»

Валӣ Наср: «Исроил дар садади осеб задан ба иқтисоди Эрон аст»
​Вай бар ин бовар аст, ки давлати Трамп тавоноии Эронро барои таҳаммули зарба ва идомаи даргирӣ бидуни фурӯпошии сиёсӣ дастикам гирифтааст.

«Сиёсатгузорони амрикоӣ паёмадҳои густурдаи ташдиди танишро низ пешбинӣ накардаанд; аз афзоиши қимати энергия ва нооромии бозорҳои молиявӣ гирифта то нигаронии муттаҳидон дар бораи набуди як роҳбурди равшан барои поёни ҷанг. Дар муқобил, роҳбурди Эрон камтар бар пирӯзии классикӣ дар майдони набард ва бештар бар идомаи ихтилол ва фарсоиш устувор аст; равише, ки метавонад бозорҳо ва муодилоти сиёсиро таҳти фишор қарор диҳад» — гуфт Валӣ Наср устоди Донишгоҳи Ҷон Хопкинз.

Сарчашма: dialog.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий