< "Онҳо гуфтугӯ доранд, вале аз ошкор карданаш меҳаросанд" » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

"Онҳо гуфтугӯ доранд, вале аз ошкор карданаш меҳаросанд"

"Онҳо гуфтугӯ доранд, вале аз ошкор карданаш меҳаросанд"
​Дар ҳамин ҳол, Вазорати дифоъ ё ҷанги Иёлоти Муттаҳида, ҳарчанд гузоришҳоро дар бораи камбуди силоҳ расман тасдиқ накард, хабар дод, ки бо чанд ширкати дифоии Амрико барои дарёфти муҳиммоти ҷангӣ қарордод бастааст.

Ин чораҳо дар ҳоле рӯйи даст гирифта шудаанд, ки Кохи Сафед гуфт, агар Теҳрон шартҳои Доналд Трампро барои созиши хатми ҷанг қабул накунад, президент омода аст, Эронро «ба ҷаҳаннам табдил диҳад». Теҳрон дар посух гуфт, қасди гуфтугӯ ё музокиротро надорад.


Каролин Левитт, сухангӯи Кохи Сафед, гуфт: «Аносири боқимондаи режими Эрон имкони дигаре барои ҳамкорӣ бо президент Трамп доранд ва бояд ҷоҳталабиҳои ҳастаии худро канор гузошта, даст аз таҳдиди Амрикову муттаҳидонаш бардоранд. Ҳама гуна хушунати бештар ба он сабаб сар мезанад, ки режим намехоҳад дарк кунад, ки онҳо дигар шикаст дода шудаанд ва аз созиш даст мекашанд.»

Доналд Трамп рӯзи 25-уми март дар мулоқот бо Ҷумҳурихоҳон ба идомаи музокирот бо Теҳрон таъкид кард, ҳарчанд ба гуфтаи вай, мақомоти Эрон ширкат дар ин гуфтушнидҳоро рад мекунанд.

Ӯ афзуд: «Зимнан, онҳо гуфтугӯ доранд ва бисёр мехоҳанд, ки созиш ба даст ояд. Вале онҳо аз ошкор кардани ин чиз ҳарос доранд, чунки ба ин андешаанд, ки аз сӯйи мардуми худашон кушта мешаванд. Онҳо инчунин ҳарос доранд, ки бо дасти мо кушта мешаванд.»
Вазъро ҳамчунин талаби Трамп дар бораи «комилан боз кардани гулӯгоҳи Ҳурмуз» печидатар кардааст. Иқдоми Эрон равуои киштиҳоро дар ин оброҳаи муҳим барои интиқоли нафт мушкил гардонд.

Трамп шоми 21-уми март ба Эрон ҳушдор дода буд, ки «агар дар зарфи 48 соат тангаи Ҳурмузро бе ҳеч гуна таҳдид ва ба таври комил боз накунад, Амрико нерӯгоҳҳои ин кишварро нобуд мекунад». Дертар ин муҳлат барои панҷ рӯзи дигар тамдид шуд.

Сарчашма:ozodi.org​

Комментарии (0)

Оставить комментарий