< Расонаҳо: Эрон пешниҳоди Амрикоро барои хатми ҷанг рад кард » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Расонаҳо: Эрон пешниҳоди Амрикоро барои хатми ҷанг рад кард

Расонаҳо: Эрон пешниҳоди Амрикоро барои хатми ҷанг рад кард
​Парс тудей, шабакаи инглисзабони Садо ва симо рӯзи 25-уми март аз қавли як «мақоми аршади сиёсӣ-амниятӣ» навишт, «Эрон замоне ба ҷанг поён хоҳад дод, ки хостаҳояш бароварда шавад».

Чанд дақиқа пас аз нашри ин хабар, як мақоми аршади эронӣ ба хабаргузории Ройтерз гуфт, ки посухи аввалии Эрон ба пешниҳоди Амрико барои поён додан ба ҷанг «мусбат» набуд, аммо Теҳрон ҳамчунон дар ҳоли баррасии он аст.

Ба гуфтаи ин мақомдорӣ эронӣ, Теҳрон посухашро ба Покистон фиристодааст то аз ин тариқ ба Амрико фиристода шавад. Парс тудей, расонаи давлатии Эрон навиштааст, ин кишвар барои хатми ҷанг панҷ шартро пешниҳод кардааст, ки онҳо «қатъи таҷовуз ва террор, кафолати онки ҷанг дубора оғоз намешавад, пардохти хисорот, поёни ҷанг дар ҳамаи минтақа, эътирофи назорати комили Эрон бар тангаи Ҳурмуз ва ваъдаи иҷро шудани ваъдаҳои тарафи дигар».

Пештар рӯзномаи «Ню-Йорк Таймз» хабар дод, ки Амрико як тарҳи иборат аз 15 бандро барои поён додан ба ҷанг ба Эрон ироа кардааст. Бар асоси ин гузориш, ду манбаъ ба «Ню-Йорк Таймз» гуфтаанд, ки Амрико хоҳони таътил шудани таъсисоти Натанз, Форду ва маркази фанновариҳои уранюми Исфаҳон аст. Ин тарҳ ба барномаҳои мушаки баллистикӣ ва масирҳои баҳриро низ мавриди баҳс қарор медиҳад.


Сарчашма: ozodi.org

Комментарии (0)

Оставить комментарий