Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Турсунзода ботантана таҷлил гардид
Дар наврӯзгоҳ ташкилоту муассисаҳо ва ҷамоати деҳоти шаҳр ҳунарҳои мардумӣ, намудҳои таомҳои миллӣ ва дастовардҳои хоҷагии халқи шаҳри Турсунзодаро ба маърази тамошо гузоштанд.
Иброз гардид, ки Наврӯз ҷашни эҳёи табиат, зебоӣ ва зиндагии нав буда, яке аз муқаддастарин оинҳои мардумӣ ва мероси гаронбаҳои ниёгони фарҳангпарвару тамаддунсози миллати тоҷик ба ҳисоб меравад. Ин ҷашни бостонӣ аз фарорасии фасли баҳор, бедоршавии табиат ва оғози соли нави пурфайзу баракат мужда медиҳад. Наврӯз на танҳо як сана дар тақвим, балки рамзи умед, покӣ, дӯстӣ ва эҳёи зиндагии инсон буда, барои миллати тамаддунсозу соҳибфарҳанги мо рукни муҳими худшиносӣ, унсури ҷудоинопазири фарҳангӣ ва нишонаи волои ҳувияти миллӣ ба шумор меравад.
Таъкид карда шуд, ки ин ҷашни бузург бо шарофати озодиву соҳибистиқлолии Ватани маҳбубамон на танҳо ба мақоми расмӣ соҳиб гардид, балки бо талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси ҷашни эҳёи табиату зебоӣ мақоми умумибашарӣ касб кард ва имрӯз дар саросари олам таҷлил карда мешавад.
Намоиши театрикунонидашудаи шуъбаи фарҳанги шаҳри Турсунзода ба ҷашнвора шукуҳу шаҳомати хосса бахшид ва иштирокчиён аз он таассуроти нек бардоштанд.
Сарчашма: khovar.tj

Комментарии (0)