< Эрон кушта шудани Алии Лориҷонӣ ва Ғуломризо Сулаймониро тасдиқ кард » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Эрон кушта шудани Алии Лориҷонӣ ва Ғуломризо Сулаймониро тасдиқ кард

Эрон кушта шудани Алии Лориҷонӣ ва Ғуломризо Сулаймониро тасдиқ кард
​​Дабирхонаи Шӯрои амнияти миллии Эрон шаби гузашта дар изҳороте гуфт, ки Алии Лориҷонӣ ҳамроҳ бо яке аз фарзандонаш — Муртазо Лориҷонӣ, инчунин, Алиризо Баёт, муовини амнияти Дабирхонаи Шӯрои амният ва ҷамъе аз муҳофизонаш дар саҳаргоҳи моҳи мубораки Рамазон кушта шудааст.

Аз ин пештар, Сипоҳи посдорони Эрон дар баёнияе кушта шудани Ғуломризо Сулаймониро таъйид карда, изҳор дошт, ки «ин террори ноҷавонмардона ҳокӣ аз аҳаммият ва нақши Басиҷ дар майдони набарди ҳамаҷониба бо Артиши террористии Амрико ва режими саҳюнистиву муздурони онҳо ба вижа дар ҷанги ахир мебошад».

Мақомоти Эрон дар мавриди ҷузъиёти куштори ин мақомдорони эронӣ иттилои дигаре нашр накардаанд.

Алӣ Ардашер Лориҷонӣ, сиёсатмадори куҳнакор ва низомии Эрон буд, ки зиёда аз чор даҳа дар сатҳи баландтарини сохтори ҳокимияти Ҷумҳурии Исломӣ фаъол будааст. Номи ӯ пайваста бо нуқтаҳои ҳассосу баҳсноки таърихи муосири Эрон — аз музокироти ҳастаӣ то вокуниш ба эътирозот пайванд хӯрдааст. Ахиран Амрико номи Лориҷониро шомили феҳристе карда буд, ки барои пешниҳоди маълумот дар бораи онҳо то 10 млн доллар мукофот дода мешавад.

Алии Лориҷонӣ кист ва дар низоми Эрон чӣ нақше дошт, дар ин маводи мо хонед: Нафаре, ки Трампро таҳдид мекунад ва товони шаҳидон металабад. Алии Лориҷонӣ кист?

Ғуломризо Сулаймонӣ 62 сол дошт ва аз соли 2019 фармондеҳи созмони «Басиҷ» буд. Ӯ соли 1988 узви ин созмон шуд ва дар даҳҳо амалиёт дар ҷанги Эрону Ироқ (солҳои 2001-2008) ҳамчун узв ва фармондеҳи гурӯҳону гардон (рота ва баталион) ширкат варзид.

Ӯ фармондеҳи баландпояи Сипоҳи посдорон ба ҳисоб мерафт. «Басиҷ», созмони зери раҳбарии ӯяке аз ниҳодҳои амниятии ҳукумати Эрон ва зертобеи Сипоҳ буда, дар идораи бӯҳронҳои дохилӣ нақши муҳим мебозад.

Қаблан, дар пайи ҳамлаҳои Амрико ва Исроил ба Теҳрон Алии Хоманаӣ, роҳбари олии Эрон ва теъдоде аз фармондеҳони баландпояи Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, мисли Алӣ Шамхонӣ, дабири Шӯрои олии дифоъ, Азиз Насирзода, вазири дифоъ, Муҳаммад Покпур, фармондаи кулли Сипоҳи посдорон Абдурраҳим Мусавӣ, раиси Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳ кушта шуданд. Бо гузашти беш аз як ҳафта аз кушта шудани Алии Хоманӣ, ба курсии роҳбари олии Эрон Муҷтабо Хоманаӣ, яке аз фарзандони ӯ интихоб  шуд. Маълум нест, ки ба ҷои фармондеҳони кушатшуда, нафарони нав таъин шудаанд ё не.

Субҳи 28-уми феврали соли 2026 Амрико ва Исроил ба Эрон ҳамла карданд. Артиши Эрон дар посух ба ин ҳамлаҳо ба Исроил ва пойгоҳҳои Амрико дар кишварҳои арабӣ зарба зад. Раисҷумҳури Амрико ва сарвазири Исроил дар изҳоротҳои худ ошкоро изҳор доштанд, ки ҳадафи ҷанг сарнагунсозии низоми ҷорӣ дар Эрон аст. Ҷумҳурии Исломӣ дар посух таъкид кард, ки ба ҳар гуна таҷовуз посухи сазовор ва қотеъ хоҳад дод. Ҳоло ҳамлаҳои тарафҳо идома доранд. Вазъият печида ва ташвишовар боқӣ мемонад.


Сарчашма: asiaplustj.info​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий