< Татбиқи лоиҳаҳои Бонки исломии рушд дар Тоҷикистон баррасӣ гардид » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Татбиқи лоиҳаҳои Бонки исломии рушд дар Тоҷикистон баррасӣ гардид

Татбиқи лоиҳаҳои Бонки исломии рушд дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
​Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои гуногуни соҳаҳои энергетика, нақлиёт ва инфрасохтор, кишоварзӣ, маориф ва иҷрои лоиҳаҳои амалишавандаи Бонки исломии рушд дар Тоҷикистонро баррасӣ намуданд.

Иброз гардид, ки таҳти сиёсати дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Гурӯҳи Бонки исломии рушд солҳои охир ба сатҳи сифатан нав расидааст.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо барои боз ҳам густариш додани ҳамкории мутақобили судманд изҳори омодагӣ намуданд.

Сарчашма: khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий