< Ҷанги Амрикову Исроил дар Эрон вориди рӯзи чорум мешавад. Охирин таҳаввулот дар Ховари Миёна » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Ҷанги Амрикову Исроил дар Эрон вориди рӯзи чорум мешавад. Охирин таҳаввулот дар Ховари Миёна

Ҷанги Амрикову Исроил дар Эрон вориди рӯзи чорум мешавад. Охирин таҳаввулот дар Ховари Миёна
Ҷанги Амрикову Исроил дар Эрон вориди рӯзи чорум мешавад. Давоми шаби гузашта низ Амрикову Исроил ба нуқтаҳое аз Эрон зарба зад ва дар посух Эрон низ ба чанд пойгоҳ ва зерсохторҳои амрикоӣ дар минтақа ҳамла кардааст.

Аз ҷумла, шаби гузашта Эрон ба Сафорати Амрико дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ зарба зад. Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар вокуниш ба ин ҳамла гуфтааст, ки «ба зудӣ посух медиҳем».
 
Ҳамла ба Сафорати Амрико дар Риёз ва вокуниши Доналд ТрампВазорати дифои Арабистони Саудӣ тасдиқ кард, ки ду паҳпод ба Сафорати Амрико дар шаҳри Риёзи ин кишвар бархурдааст. Пеш аз ин расонаҳо навиштанд, ки субҳи 3-юми март садои таркишҳои баланде дар шаҳри Риёз шунида шудааст.

Хабаргузории «Ройтерз» навишт, ки пас аз ин таркишҳо Сафорати Амрико дар Риёз оташ гирифтааст. Вазорати дифои Арабистон изҳор доштааст, ки ин ҳамла «ба оташсӯзии маҳдуд ва зарари ҷузъӣ боис шудааст». Расонаҳои амрикоӣ, аз ҷумла, «Садои Амрико» навиштааст, ки паҳподҳое, ки ба сафорат зада шуд, марбут ба Эрон ҳастанд«.



Арабистони Саудӣ ҳамзамон аз раҳгирии 8 паҳподи Эрон хабар додааст.
Чанд соат пеш аз ин Амрико аз шаҳрвандони худ дар кишварҳои Ховари Миёна хоста буд, ки бо сабаби „хатари ҷиддӣ“ кишварҳои Баҳрайн, Миср, Эрон, Ироқ, Исроил, Каронаи Бохтарӣ, Ғазза, Урдун, Кувайт, Лубнон, Уммон, Қатар, Арабистони Саудӣ, Сурия, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Яманро тарк кунанд.

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико пас аз ҳамла ба сафорати кишвараш дар Риёз, ба шабакаи „NewsNation“ гуфтааст, „мумкин аст Амрико ба зудӣ ба ин ҳамла ва кушта шудани низомиёни амрикоӣ посӯх диҳад“.
Трамп бори дигар таъкид кардааст, ки ҳамлаи онҳо ба Эрон 4-5 ҳафта идома ёбад. Вале эҳтимоли фиристодани нерӯҳои заминӣ ба Эронро рад кардааст.
Дар ҳамин ҳол, Доналд Трамп шаби гузашта ҳангоми супоридани медал дар Кохи Сафед гуфт, ки ҳамлаи ИМА дар Эрон метавонад аз чор то панҷ ҳафта бештар давом кунад.

Ӯ бори дигар таъкид кард, ки ҳадафи ҳамлаи Амрико ба Эрон „нест кардани қобилиятҳои мушакии Эрон ва нерӯи дарёии он, инчунин пешгирӣ аз ба даст овардани силоҳи ҳастаии Теҳрон“ аст». Ин аввалин шарҳи ӯ ба хабарнигорон аз замони оғози ҳамлаи Амрико дар Эрон аст.
 
Шумораи сарбозони кушташудаи Амрико ба 6 кас расидТибқи иттилои Фармондеҳии марказии Амрико то шоми дуюми март 6 низомии ин кишвар дар ҷараёни ҷанг алайҳи Эрон кушта ва 18 тани дигар захмӣ шудааст.

Марко Рубио, вазири корҳои хориҷии Амрико, иддао кардааст, ки сабаби оғози ҳамлаи низомӣ ба Эрон дарёфти иттилое буд, ки Исроил омодаи ҳамлаи низомӣ ба Эрон буд. Вале дар посух ба ҳамлаи Исроил, Эрон ба пойгоҳҳои Амрико дар Ховари Миёна зарба мезанад.
«Бинобар ин, артиши Амрико бо ҳадафи пешгирона вориди амалиёти низомӣ алайҳи Эрон шуд», — гуфтаат Рубио.


Ӯ ҳам таъкид кардааст, ки мақсади аслии ҳамлаҳои Амрико ба Эрон «нобуд кардани тавоноии мушакҳои баллистикӣ ва қобилияти сохти онҳо, инчунин таҳдиде аст, ки нерӯи дарёияшон барои ҳамлу нақли ҷаҳонӣ эҷод мекунад».

Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон дар посӯх ба Марко Рубио дар саҳифаи «Х"-и худ навишт, ки «ҳеҷ таҳдиде аз сӯи Эрон ба Амрико вуҷуд надошт».

«Рубио ба он эътироф кард, ки ҳамаи мо медонистем: Амрико ба интихоби худ вориди ҷанг ба нафъи Исроил шуд», гуфтааст Ароқчӣ.
Ҳамлаҳо ба ЭронДавоми шаби гузашта низ ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба Эрон идома дошт. Аз ҷумла, ба навиштаи  «ББС» дар ҳамлаҳои шаби гузашта ба пойгоҳҳои Басиҷ, марказҳои Сипоҳ ва калонтариҳо (як ниҳоди интизомӣ дар Эрон) ҳадаф қарор гирифтанд.

Хабаргузории «Форс» низ иттилоъ дод, ки ҳамчунин, бинои пешини парлумони Эрон ҳадафи ҳавоии Амрико ва Исроил қарор гирифтааст.
Ҳамзамон, шаби гузашта бори дигар ба бинои Садову симо (радио ва телевизион)-и давлатии Эрон ҳамла сурат гирифтааст. Расонаҳои Эрон аз дасти кам ду ҳамлаи ҳавоӣ аз сӯи Амрико ва Исроил ба атрофи Садову симо гузориш додаанд.  

Қаблан, Артиши Исроил аз оғози мавҷи нави ҳамлаҳо ба Эрон хабар дода, ба сокинони ин кишвар ҳушдор дода буд, ки аз гирду атрофи бинои Садову симо дар шимоли Теҳрон дур раванд.
Ҷузъиёти дигаре дар ин маврид то кунун дастрас нест. Рӯзи 2-юми март ҳам аз ҳамла ба бахшҳое аз Садову симои Эрон гузориш шуд буд. Маълум нест, ки дар пайи ин ҳамлаҳо чанд нафар кушта шудааст.

Артиши Исроил низ субҳи имрӯз аз партоби мушакҳо аз Эрон ба сӯйи Исроил хабар додааст. Вале ҷузиёти ин ҳамлаҳо маълум нест.



Ҳамсари Хоманаӣ пас аз кома даргузаштаастДар ҳамин ҳол, шоми дирӯз расонаҳои давлатии Эрон хабар доданд,  Мансура Хуҷаста Боқирзода, ҳамсари Алии Хоманаӣ, раҳбарии олии Эрон низ даргузаштааст.

Шабакаи дуввуми телевизиони Эрон шаби гузашта хабар дода, гуфтааст, ки ӯ дар рӯзи аввали ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон захмӣ шуда, дар кома қарор дошт.

Ин расона изҳор доштааст, ки ҳамсари Хоманаӣ дар канори оилааш дар хонаашон қарор доштааст. Мансура Хуҷаста Боқирзода 79 сол дошт.

Қаблан хабаргузории «Форс» хабар дода буд, ки духтар, домод ва набераи Алии Хоманаӣ низ кушта шудаанд. Ин расона илова карда буд, ки яке аз келинҳои ӯ низ ҷон бохтааст.

Зимнан, хабаргузории «Меҳр» иттилоъ додааст, ки имрӯз, 3-юми март дар шаҳристони Миноби Эрон қурбониёнеро, ки дар мактаби духтаронае кушта шуда буданд, ба хок месупоранд. Дар ин бора хабаргузории «Меҳр» иттилоъ додааст. 

Ба навиштаи расонаҳои Эрон, дар ҳамлаи Амрикову Исроил ба ин мактаби духтарона 165 тан кушта ва 96 каси дигар маҷруҳ шудаанд, ки аксарашон хонандагон будаанд. 

Аббос Ароқчӣ, бо нашри акси маҳалли дафни онҳо дар саҳифаи «Х"-аш гуфтааст, ки  «ин ҳақиқати ҳамон „наҷот"-ест, ки Трамп ваъда дода буд«.



Дар кишварҳои дигари Ховари Миёна чӣ мегузарад?Ба навиштаи расонаҳо, аввали ҳафтаи ҷорӣ (эҳтимол рӯзи душанбе) пойгоҳи ҳавоии нерӯҳои Австралия дар Дубайи Иморот мавриди ҳадафи паҳподӣ қарор гирифтааст. Мақомоти Австралия гуфтаанд, ки дар ин ҳамлаҳо нерӯҳои онҳо „осеб надидааст“.

Ҳамзамон, субҳи имрӯз садои таркиш дар шаҳри Давҳаи Қатар шунида шудааст. Вазорати дифои Қатар гуфтааст, ки нерӯҳои онҳо ду мушаки балистикиро раҳгирӣ кардаанд.

Эрон ҳамзамон ба се полоишгоҳи нафт ва гази муҳим дар Арабистони Саудӣ ва Қатар ҳамла кардааст.
»Ал-Ҷазира« хабар медиҳад, ки Эрон ба пойгоҳи низомии Амрико дар Баҳрайн тавассути 20 паҳпод зарба задааст.



Ин расона ҳамзамон аз ҳамлаҳои Исроил ба Бейрут ва зарбаи „Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон ба пойгоҳи низомии Исроил гузориш медиҳад. Исроил ба сокинони чанд минтақаи Бейрут ҳушдор додааст, ки манзилҳои худро тарк кунанд.

Бо охирин таҳаввулот Эрону дигар кишварҳои Ховари Миёна, вазъи тоҷикистониҳо дар ин кишварҳодар ин бахши махсуси «Азия-Плюс» огоҳ шавед: Ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон


Сарчашма: asiaplustj.info​

Комментарии (0)

Оставить комментарий