< Ҷанги Амрикову Исроил дар Эрон. Охирин хабарҳо аз Ховари Миёна » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Ҷанги Амрикову Исроил дар Эрон. Охирин хабарҳо аз Ховари Миёна

Ҷанги Амрикову Исроил дар Эрон. Охирин хабарҳо аз Ховари Миёна
Шаби гузашта, 1-ум ба 2-уми март низ ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба чанде аз нуқтаҳои Эрон ва ҳадаф қарор додани Исроил ва пойгоҳҳои низомии Амрико дар Ховари Миёна аз ҷониби Эрон идома дошт.

Ҳамзамон, шаби гузашта «Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон дар вокуниш ба ҳамлаи Амрико ва Исроил ба Эрон ва кушта шудани Алии Хоманаӣ, раҳбари олии ин кишвар, ба Исроил бо мушак ва паҳпод ҳамла кардааст.

Кишварҳои халиҷи Форс дар вокунише гуфтанд, агар Эрон ҳамлаҳояшро қатъ накунад, барои дифоъ аз худ «ҳамаи иқдомҳои зарурӣ"-ро баррасӣ хоҳанд кард. Дабири Шӯрои амнияти миллии Эрон гуфт, Эрон бо Амрико «ҳеҷ гуна музокира нахоҳад дошт».
Чанде пеш, Артиши Исроил аз мавҷи нави ҳамлаҳои мушакиву паҳподии Эрон хабар дода, садои бонги хатар дар чанд шаҳри ин кишвар, аз ҷумла, Бир-ус-Сибъа, Телавив ва Байтулмқаддасро баланд кардааст.

Ҳамчунин, расонаҳои Эрон аз шунида шудани садои таркиш дар Теҳрон ва ҳамлаи Амрикову Исроил ба шаҳри Санандҷ гузориш медиҳанд. Ба навиштаи «ИРНО», ба ду нуқтаи ин шаҳр ҳамла сурат гирифта, 3 тан кушта ва чанд нафари дигар захмӣ шудаанд.
 
«Эрон бо Амрико музокира намекунад"Дар ҳамин ҳол, Алӣ Лориҷонӣ, дабири Шӯрои амнияти миллии Эрон хабарҳои расонаҳои амрикоӣ дар робита ба он ки гӯё Теҳрон талоши наверо барои аз сар гирифтани музокирот бо Вашингтон анҷом додааст, рад кард. Ӯ дар нигоштае дар саҳифаи «Х"-и худ гуфтааст, ки «мо ҳеҷ гуна музокирае бо Амрико нахоҳем дошт».



Ин изҳороти Лориҷонӣ пас аз он нашр шуд, ки бархе расонаҳои амрикоӣ иддао карданд, ки мақомдорони Эрон пас аз куштори Алии Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон тавассути миёнҷигарони Уммон талоши аз сар гирифтани музокира бо Амрикоро анҷом додаанд.
 
Вокуниши кишварҳои халиҷи Форс ба ҳамлаи ЭронАъзои Шӯрои ҳамкории кишварҳои халиҷи Форс гуфтаанд, ки агар Эрон ҳамла ба ин кишварҳоро қатъ накунад, барои дифоъ аз худ «ҳамаи иқдомҳои зарурӣ"-ро баррасӣ хоҳанд кард.

Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви ин Шӯро — Иморот, Баҳрайн, Арабистони Саудӣ, Уммон, Қатар ва Кувайт рӯзи 1-уми март нишасти изтирории маҷозӣ баргузор карданд ва аз Эрон хостаанд, ки «ҳамлаҳоро қатъ кунад ва барои коҳиши танишҳо бо Амрико ба дипломатия рӯ оварад», навиштааст BBC.
 
«Ҳизбуллоҳ» ба Исроил ҳамла кард, артиши Исроил ба Лубнон зарба задҲамчунин, шаби гузашта «Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон эълон кард, ки дар вокуниш ба ҳамлаи Амрико ва Исроил ва кушта шудани Алии Хоманаӣ, раҳбари олии ин кишвар, ба Исроил бо мушак ва паҳпод ҳамла кардааст. Артиши Исроил ин ҳамларо тасдиқ карда, гуфтааст, ки як мушакро раҳгирӣ кардааст.

Ба навиштаи расонаҳои исроилӣ, ин аввалин ҳамлаи «Ҳизбуллоҳ» пас аз имзои оташбас миёни ин гурӯҳ ва Исроил дар моҳи ноябри соли 2024 аст.
Вазорати тандурутсии Лубнон эълон кард, ки дар пайи ин ҳамлаҳо дасти кам 31 нафар кушта ва 149 тан захмӣ шудааст. Бояд гуфт, шаби гузашта «Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон расман эълон кард, ки дар ҳимоят аз Эрон вориди ҷанг бо Исроил мешавад.Артиши Исроил Эълон кардааст, ки ҳоло ба Лубнон ҳамлаҳои навро оғоз кардааст. Ин ниҳод гуфтааст, ки барои чанд рӯз ҷанг дар Лубнон омодагӣ мегирад.

Дар ҳамин ҳол, расонаҳо аз ҳамлаҳои нави Эрон ба бинову пойгоҳҳои марбут ба Амрико дар кишварҳои арабӣ, аз ҷумла, шаҳри Давҳаи Қатар, шаҳри Ақабаи Урдун, Баҳрайн ва шаҳри Дубайи Иморот гузориш медиҳанд.
Кувайт эълон кард, ки дар пайи ҳамлаҳои мушакии Эрон ба пойгоҳҳои Амрико дар ин кишвар, 1 нафар кушта ва 32 каси дигар маҷруҳ шудаанд. Маълум нест, ки онҳо киянд. Вазорати диофи Кувайт муддаӣ шудааст, ки «97 мушаки болистик ва 283 паҳпод"-и Эронро раҳгирӣ кардааст.

Дар ҳамин ҳол, «Ройтерз» навиштааст, ки аз бинои Сафорати Амрико дар Кувайт дуд баланд мешавад. То кунун дар мавриди ин ҳодисаҳо иттилои расмӣ вуҷуд надорад.

Имороти Муттаҳидаи Арабӣ гуфтааст, ки дар ҳамлаҳои интиқомҷӯёнаи Эрон ба пойгоҳҳои Амрико дар ин кишвар «3 нафар кушта ва 58 тани дигар захмӣ шудааст». Вазорати дифои ин кишвар гуфтааст, ки афроди кушташуда шаҳрвандони Непал, Бангладеш ва Покистон буданд. Ин ниҳод иддаъо кардааст, ки 165 мушаки болистик ва 541 паҳподи Эронро то кунун муайян ва 152 мушаку 506 паҳподро сарнагун кардааст.

Дар ҳамин ҳол, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ сафораташ дар Теҳронро баста, дипломатии худро бозпас хондааст. Ба гузориши хабаргузории «Ал-Ҷазира», ин кишвар эълон кардааст, ки ин кор пас аз ҳамлаҳои интиқомҷӯёнаи Эрон ба пойгоҳҳои марбут ба Амрико дар Иморот анҷом шудааст.



Ҳамлаҳо аз «Садову симо» то бемористони Гандии ТеҳронҲамчунин, тибқи хабарҳои охирини расонаҳои Эрон, теъдоди кушташудаҳои мактаби духтаронаи шаҳристони Миноби Эрон ба 165 тан расидааст. Дар ҳамлаи Амрикову Исроил ба ин мактаб даҳҳо тани дигар захмӣ шудааст.

Шаби гузашта бахшҳое аз Созмони садову симо (радио ва телевизион)-и давлатии Эрон ҳадафи ҳамла қарор гирифтаанд. Хабаргузории Садову симо гуфт,ин ҳамлаҳо аз сӯи Амрико ва Исроил сурат гирифт. Бархе расонаҳо Эрон навиштаанд, ки дар пайи ҳамла ба Садову симо барномаҳои он чанд лаҳза қатъ гардидаанд. 

Хабаргузории «Форс» навиштааст, ки ба минтақаи Шариатӣ ва сероҳаи Заробхона дар Теҳрон мушак расидааст. Ҳамчунин, гузоришҳое аз ҳамла ба минтақаҳои дигари Теҳрон ҳам нашр шудаанд. «Форс» навореро нашр кардааст, ки мардуми Эрон дар майдони Валиасри Теҳрон ҳангоми фаъолияти падофанди Эрон шиор сар медиҳанд. Дар ҳамин ҳол, ин расона бо нашри чанд навор аз ҳамла ба бемористони Гандӣ дар Теҳрон низ хабар дод.

Хабаргузории ББС бо такя ба расонаҳои Эрон навиштааст, ки ба бандари Чобаҳори Эрон низ шоми имрӯз ҳамла сурат гирифтааст. Талафоти эҳтимолии ин ҳамлаҳо маълум нест.

Ҳамчунин, хабаргузории «Тасним» аз ҳамла ба фармондеҳии интизомии шаҳристони Рай гузориш дода, навиштааст, ки дар ин ҳуҷум чанд бинои атрофи он ҳам зарар дидаанд. Ин расона навиштааст, ки бар асоси гузоришҳои аввалия, чанд нафар дар ин ҳамла кушта ва чанд тани дигар зери вайронаҳо мондааст.

Расонаҳои Эрон аз бархостани дуд дар минтақаҳои гуногуни Теҳрон аксу навор нашр карда, аз ҷумла навиштаанд, ки дар ҳамлаҳои шаби гузашта майдони Нилуфар ва бахшҳое аз Бозори Теҳрон ҳадаф қарор гирифтаанд.

Хабаргузории «Нур нюс"-и Эрон ҳадди ақал аз 20 кушта дар майдони Нилуфар гузориш додааст. ББС навиштааст, ки дар ҳамла ба ин макон як бинои пулис ҳам ҳадаф қарор гирифта, тахриб шудааст.
 
Эълони номи чанде аз фармондеҳони кушташудаи дигарЭрон номи 7 фармондеҳи дигари низомӣ ва иттилоотияшро эълон кард, ки дар ҳамлаҳои Амрикову Исроил кушта шудаанд.
Расонаҳои Эрон ном ва мансаби онҳоро чунин навиштаанд:
Муҳаммад Шерозӣ, раиси дафтари раҳбари Эрон дар умури низомӣ;
Солеҳ Асадӣ, муовини иттилооти Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон;
Муҳсин Дарабоғӣ, муовини омод ва пуштибонии Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон;
Ғуломризо Ризоиён, раиси Созмони иттилооти ФАРОҶО;
Баҳром Ҳусайнӣ, раиси Идораи тарҳ ва амалиёти Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон;
Ҳасаналӣ Тоҷик, раиси идораи омоди Ситоди кулли  Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон;
Маълум нест, ки онҳо дар чӣ замон ва дар куҷо ҳадафи ҳамла қарор гирифтаанд.



Бритониё гуфт, ки ба Амрико иҷозаи истифода аз пойгоҳҳояш барои ҳамла ба Эронро медиҳадҲамзамон, Бритониё эълон кард, ки ба Амрико иҷозаи истифода аз пойгоҳҳояш барои ҳамла ба Эронро медиҳад. Ин тасмимро шоми якшанбе Кир Стармер, нахуствазири Бритониё эълон кардааст.

Ӯ гуфтааст, ки Лондон бо дархости Вашингтон барои истифода аз пойгоҳҳои Бритониё дар анҷоми ҳамлаҳое, ки Стармер онҳоро «дифоӣ» хондааст, мувофиқат кардааст.

Дар ҳамин ҳол, нахуствазири Бритониё изҳор доштааст, ки Лондон аз «иштбоҳҳояш дар Ироқ» сабақ гирифта аст ва дар ҳамлаҳои аввалия ба Эрон иштирок накарда, дар ҳуҷумҳои баъдӣ ҳам вориди ҷанг нахоҳад шуд.
Ҳамзамон Бритониё аз як ҳамлаи эҳтимоли паҳподӣ ба пойгоҳи низомиаш дар Қибрис хабар додааст. Вазорати дифои ин кишвар гуфтааст, шаби якшанбе ба як пойгоҳи Нерӯҳои ҳавоии салтанатии ин кишвар дар Қибрис ҳамлаи паҳподӣ ва мушакӣ сурат гирифтааст. Гуфта мешавад, талафоти ҷонӣ вуҷуд надорад.
 
Амрико кушта шудани се сарбозашро тасдиқ кардАмрико эълон кард, ки се сарбозаш дар ҳамлаҳои Эрон кушта шуда, 5 тани дигар сахт захм бардоштаанд. Фармондеҳии Артиши Амрико дар Ховари Миёна, ҳамчунин, гуфтааст, ки чанде дигар аз сарбозони амрикоӣ ҷароҳатҳои ҷузъӣ гирифтаанд.

Сипоҳи Посдорони Эрон эълон кард, ки нови ҳавопаймобари «Abraham Lincoln"-и Амрикоро бо 4 мушаки болистик ҳадафи ҳамла қарор додааст. Иёлоти Муттаҳид ин хабарро рад карда, гуфтааст, ки «мушакҳои шиликшуда ба ин нов наздик ҳам нашудаанд».

Исроил Эълон кард, ки дар ҳамлаи мушакии рӯзи якшнабеи Эрон ба шаҳри Байт-Шемеши ин кишвар 9 исроилӣ кушта ва 28 тани дигар захмӣ шудааст.

Дар рӯзи аввали ҷанги Амрикову Исроил дар Эрон Алии Хоманаӣ, раҳбарии олии Эрон, дабири Шӯрои олии дифоъву вазири дифоъ ва фармондеҳи кулли Сипоҳу раиси ситоди кулли артиши Эрон кушта шуданд.
Алии Хоманаӣ кӣ буд ва чӣ корнома дошт, дар ин матлаби мо хонед.

Дар бораи фармондеҳони баландпояи Эрон, ки дар ҳамлаи Армико ва Исроил кушта шуданд, дар ин матлаби мо мутолиа кунед.


Сарчашма: asiaplustj.info

Комментарии (0)

Оставить комментарий