Рустам Ятимов гаронарзиштарин дарвозабон дар Осиёи Марказӣ ва шашумин дар қора шуд
Пойгоҳи Transfermarkt радабандии нави арзиши футболбозонро нашр кард, ки дар он Рустам Ятимов дар зинаи шашуми гаронарзиштарин дарвозабонҳои қораи Осиё қарор гирифтааст. Ҳамчунин, аз рӯйи ин радабандӣ, ӯ гаронтарин дарвозабон дар Осиёи Марказӣ аст. Арзиши Ятимов 1,80 млн евро арзёбӣ мешавад.
Дар даҳгонаи аввали гаронтарин дарвозабонҳои Осиё намояндагони Ҷопон, Австралия ва кишварҳои Ховари Миёна бартарӣ доранд.
Панҷгонаи беҳтарин: бартарияти ҷопониҳо ва намояндаҳои лигаҳои аврупоӣМувофиқи радабандӣ, зинаи аввалро Дзайон Судзукии ҷопонӣ, дарвозабони 23-солаи «Парма» (Италия) касб кардааст. Арзиши ӯ 20 млн евро гуфта мешавад. Дар зинаи дуюм Лео Кокубои 25-сола аз Ҷопон, дарвозабони дастаи «Сент-Трюйден» бо арзиши 4 млн евро қарор дорад. Дар мавқеи сеюм низ дарвозабони ҷопонӣ — Ёхэй Такаокаи 29-сола аз дастаи «Ванкувер Уайткэпс» бо арзиши 3,50 млн евро ҷой гирифтааст.
Зинаи чорумро Эмил Аудеро, дарвозабони 29-солаи дастаи «Кремонезе», (Индонезия / Италия), бо арзиши 3,20 млн евро соҳиб шудааст.
Кэйсукэ Осако, дарвозабони дигари ҷопонӣ, ки 26-сола ва аз ҳайати дастаи «Санфречче Ҳиросима» аст ва Мэттю Райани австралиягӣ, дарвозабони 33-солаи «Леванте» ҳар кадоме бо нархи 2 млн евро дар зинаҳои баъдӣ қарор гирифтаанд.
Сарчашма: asiaplustj.info

Комментарии (0)