Ҷанги идомадори Русия дар Украина ва достонҳои ғамангези тоҷикон
Расонаҳои ғарбӣ дар оғози ҷанг аз қавли манбаъҳои худ навишта буданд, ки Русия қасд дорад, дар се рӯз ё як ҳафта Украинаро ғасб кунад, аз ин рӯ, ба ҷангаш «амалиёти махсуси низомӣ» ном ниҳодааст. Бо вуҷуди маҳкумияти ҷомеаи ҷаҳонӣ, Русия аз осмону замин ва дарё ҳамларо ба Украина оғоз кард ва бо тахриби шаҳру деҳа вориди ин кишвар шуд.
Владимир Зеленский, президенти Украина, дар оғози таҷовузи Русия эълон кард, ки кишвараш таслим намешавад ва то охир истодагарӣ мекунанд.
Чор сол боз артиши Украина дар баробари таҷовузи Русия муқовимат мекунад. Артиши Русия, ки дар оғоз бо ҳадафҳои баландовозае ин кишварро дар як муддати кӯтоҳ ғасб карданӣ буд, бо гузашти чор сол дар минтақаи Донбас дармондааст ва ба назар мерасад пешравии чашмрасе надорад.
Акси садои ҷанги Украина дар ТоҷикистонДар аввалин моҳҳои ҷанг акси садои он дар Тоҷикистон низ шунида шуд. Расонаҳо аз кушта шудани тоҷиконе хабар медоданд, ки дар сафи артиши Русия вориди Украина шудаанд.
Абубакр Нозимови 24-сола, аз сарбозони артиши Русия аз Тоҷикистон буд, ки пас аз ду моҳи оғози ҷанг хабари кушта шуданаш расонаӣ шуд. Ба дунбол, навору акс ва достонҳои ғамангези тоҷиконе дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуданд, ки дар ин ҷанг кушта шуда буданд.
Моҳҳои аввалини ҷанг нишон дод, ки Русия дар хуни ҳазорон украинӣ дасти зодаҳои Тоҷикистон ва муҳоҷирони тоҷикро низ олуда кардааст.
Муҳоҷирони тоҷик, ки то ин дам зери фишор дар Русия қарор доштанд, ба балои дигаре гирифтор шуданд. «Шикор"-и муҳоҷирони тоҷик ин бор на ба хотири ихроҷ аз Русия, балки фишор барои рафтан ба ҷангро дар назар дошт. Фишоре, ки чор сол боз чун хатар ба ҷони муҳоҷирони одӣ соя андохтааст.
Як муҳоҷири тоҷик рӯзи 20-уми феврал дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, чанд моҳ шуд, бо баҳонаи поймоли қонунҳои будубош дар боздошт ҳастанд ва мақомот онҳоро фишор меоранд, то санади рафтан ба ҷангро имзо кунанд.
«Моро маҷбур мекунанд, ки ба ҳуҷҷатҳо имзо карда ба ҷанг равем. Мо медонем, ки ҷанг рафтан чӣ маъно дорад, вале фишор меоранд. Ба мо хӯрок намедиҳанд, дар ҷои сард нигаҳ медоранд, то барои рафтан ба ҷанг розӣ шавем. Мо медонем, ки онҷо мисли тоҷикони дигар кушта мешавем,» — гуфт ӯ.
Евгений Пригожин, раҳбари пешини гурӯҳи зархаридони «Вагнер», ки баъдан гуфта мешавад, дар садамаи ҳавопаймо кушта шуд, ошкоро маҳбусонро низ аз маҳбасҳои Русия ба ҷанг ҷалб кард.
То оғози ҷанг хабар дода мешуд, ки дар зиндонҳои ин кишвар беш аз 10 ҳазор тоҷик зиндонӣ ҳаст. Чӣ теъдоде аз онҳо ба ҷанг рафтанд, маълум нест, вале аз кушта шудани даҳҳо нафари онҳо хабар расид.
Тарҳи «Зистан мехоҳам» дар Украина номи беш аз се ҳазор шаҳрванди Тоҷикистонро нашр кард, ки кушта ё асир шудаанд. Радиои Озодӣ дар бораи беш аз сад тоҷике, ки дар ҷанги Украина кушта шудаанд, хабару гузориш нашр кардааст.
Сарчашма: ozodi.org

Комментарии (0)