< Дар шаҳри Тифлис машваратҳои сиёсӣ байни Тоҷикистону Гурҷистон баргузор гардиданд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Дар шаҳри Тифлис машваратҳои сиёсӣ байни Тоҷикистону Гурҷистон баргузор гардиданд

Дар шаҳри Тифлис машваратҳои сиёсӣ байни Тоҷикистону Гурҷистон баргузор гардиданд
​Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни машваратҳо ҷонибҳо оид ба дурнамои густариши ҳамкории дуҷониба табодули афкор намуданд. Таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои таҳкими музокироти сиёсӣ, тавсеаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, инчунин рушди робитаҳо дар соҳаҳои маориф, илм ва фарҳанг зоҳир гардид.

Вобаста ба масъалаҳои рӯзномаи байналмилалӣ, аз ҷумла ҳамкорӣ  дар доираи созмонҳои байналмилалӣ низ табодули афкори судманд доир шуд. Дар ин росто азми ҷонибҳо барои идомаи ҳамкории зич дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид ва дигар сохторҳои бисёрҷониба тасдиқ гардид.

Ҷонибҳо ҳамчунин аҳамияти тамосҳои мунтазамро дар сатҳҳои гуногун таъкид карданд.


Сарчашма: khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий