< Қариб 6,5 ҳазор ҷинояткор дар кофтуков қарор доранд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Қариб 6,5 ҳазор ҷинояткор дар кофтуков қарор доранд

Қариб 6,5 ҳазор ҷинояткор дар кофтуков қарор доранд
Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, дар шаш моҳи аввали соли равон 2 амали террористӣ ва сӯиқасд ба он ошкор ва ба қайд гирифта шудааст, вале тафсилот надод.

Ӯ ин нуктаро рӯзи 7-уми август зимни нишасти матбуотӣ иброз дошта гуфт, ки амалҳои терористӣ дар шаҳри Душанбе ва Ваҳдат содир шудаанд. Вале Додситонии кулли кишвар дар шарҳи ин ҳодисаҳо гуфт, “дар ин давра ягон амали терористӣ дар кишвар сабт нашудааст”.

Аммо аз ин ниҳод гуфтанд, ки дар ин давра дар кишвар 685 ҷинояти хусусияти экстремистию терористидошта сабт шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024-ум (879) 194 ҷиноят кам аст.

Дар ҳамин ҳол, дирӯз, 7-уми август вазири корҳои дохилӣ гуфт, дар ин давра 593 ҷиноят дар ҳайяти 411  аъзои ташкилоти терористӣ-экстремистӣ муайян карда шуда, аз ин теъдод 241 нафар боздошт шудаанд, ки 91 нафар ҷавонон будаанд. Инчунин 162 ҳолати маблағгузории ҷиноятҳои хусусияти терористидошта ошкор ва 51 нафар боздошт шудаанд.

Ба иттилои ВКД дар ин давра 6 гурӯҳи муташакили ҷиноятӣ дар ҳайяти 23 нафар барои содир кардани 73 ҷиноят муайян ва дастгир карда шуданд.
 

Дар ним сол беш аз 1,5 ҳазор ҷинояткори дар ҷустуҷӯбуда дастгир карда шудаанд

Рамазон Раҳимзода дар идома гуфт, ки аз 7 ҳазору 991 ҷинояткор, ки дар ҷустуҷӯ қарор доранд дар 6 моҳ беш аз 1 ҳазору 500 тани онҳо дастгир карда шудаанд.

Дар ин муддат 235 аъзои ташкилотҳои терористӣ-экстремистӣ дастгир шуда, аз ин 166 нафари онҳо ихтиёран ба ватан баргардонида шудаанд.

Вазири корҳои дохила гуфт, “аз ҳисоби хонаводаҳое, ки шомили гурӯҳҳои ифротӣ шудаанд, 5 оила дар ҳайяти 27 нафар аз ҷумла 15 ноболиғ аз кишварҳои хориҷ, ки дар онҷо ба таълимоти динӣ фаро гирифта шуда буданд ба Тоҷикистон баргардонида шуда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд”.

“Аз соли 2015 то инҷониб зимни роҳандозии чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ 118 оилаи аъзои ташкилотҳои экстремистию терористӣ дар ҳайати 471 нафар аз минтақаҳои ҷангзада ба ватан баргардонида шуда ба ҳаёти осоишта машғул мебошанд”,-афзуд Раҳимзода.

Рамазон Раҳимзода яке аз сабабҳои шомилшавии шаҳрвандонро ба гуруҳҳои ифротӣ ба таҳсилоти ғайриқонунии ноболиғон дар дохил ва хориҷи кишвар рабт дод. Ба гуфтаи ӯ дар ин давра 32 толибилм аз хориҷи кишвар ба ватан баргардонида шудаанд.

“Дар ҷумҳурӣ 105 ҳолати гирифтани таълимоти ғайриқонунии динӣ бо иштироки 175 нафар ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумора 86 ноболиғ мебошанд”,-афзуд вазири корҳои дохилӣ.

Инчунин беш аз ҳазор ҳолати ҷиноят бо истифода аз шабакаҳои интернетӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки 26 ҳолати он марбут ба амнияти иттилоотӣ будааст.
 

Дар Тоҷикистон ҷиноят зиёд шудааст

Ба иттилои Вазорати корҳои дохила дар шаш моҳи соли равон дар кишвар 13 ҳазору 89 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст. Ин рақам, назар ба нимаи аввали соли 2024 (11 ҳазору 804) 1 ҳазору 285 ҳолат зиёд будааст.

Дар ним соли гузашта, аз ҷумла, чунин ҷиноятҳо дар кишвар сабт шудаанд:
- одамкушӣ ва сӯйиқасд ба ҷон 28 ҳолат,
- роҳзанӣ 20 ҳолат,
- ғоратгарӣ 57 ҳолат,
 - таҷовуз ба номус 24 ҳолат,
- авбошӣ 762 ҳолат,
- қаллобӣ 2 ҳазору 356 ҳолат,
- дуздӣ 2 ҳазору 182 ҳолат,
- қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ 64 ҳолат,
- тамаъҷӯӣ 33 ҳолат,
- муомилоти воситаҳои нашъадор 486 ҳолат.

Комментарии (0)

Оставить комментарий