Сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ аз мақомаш сабукдӯш шуд
Сардори Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон аз мақомаш сабукдӯш шудааст.Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 23-юми апрел хабар дод, ки бо қарори ҳукумат Саъдӣ Қодирзода аз мақомаш сабукдӯш шудааст. Сабаби барканории ӯро "гузаштан ба кори дигар", гуфтаанд. Бар асоси амри дигар, ӯ муовини Озода Раҳмон, раиси дастгоҳи иҷроияи раёсати ҷумҳурӣ таъйин шудааст.
Бар пояи қарори дигари ҳукумати Тоҷикистон, Икромиддин Вализода ба ҷойи Саъдӣ Қодирзода, сардори Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон таъйин шудааст.
Барканории сардори Хадамоти зидиинҳисории Тоҷикистон дар ҳоле сурат мегирад, ки ҳафтаи гузашта қимати истифода аз интернет ва зангҳои мобилӣ дар Тоҷикистон боло рафт. Ин иқдом сарусадо ва норизоятиҳоеро дар ҷомеаи Тоҷикистон ба миён овард. Вале ҳоло маълум нест, ки барканории оқои Қодирзода ба ин тасмим рабт дорад ё на.
Бар пояи қарори дигари ҳукумат рӯзи 23-юми апрел Хайриддин Ҳукмиддинзода муовини вазири дифоъ оид ба ақибгоҳ таъйин шудааст. Раиси ҳукумат Абдукарим Абдулалимзодаро ба сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи муовини аввали раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон озод кардааст.
Ҳамчунин Хуршед Исмоилзода, ки то кунун муовини раиси Кумитаи андоз буд, сардори раёсати банақшагирии стратегӣ ва ислоҳот ва Файзулло Файзуллозода муовини сардори раёсати молияи дастгоҳи президент таъйин шуданд.
Комментарии (0)