Пешгирии экстремизм дар Тоҷикистон. Чаро корҳои иттилоотиву огоҳибахшӣ имрӯз муҳимтаранд?
Экстремизми хушунатомез яке аз хатарҳои асосӣ барои амнияти миллӣ ва суботи иҷтимоии кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, боқӣ мемонад. Дар шароити кунунӣ, ки тундгароӣ ва ифротгароӣ аз роҳҳои нав ва усулҳои гуногун густариш меёбад, яке аз роҳҳои муассири муқовимат ба ин падидаҳо чорабиниҳои фарогир ва мунтазами огоҳибахшиву иттилоърасонӣ мебошанд.
Дар таҳқиқоти коршиносони масоили пешгирии ифротгароӣ ва тундгароӣ таъкид мегардад, ки яке аз омилҳои асосии ба раванди ифротгароӣ ҷалб шудани ҷавонон маҳз набудани дастрасии кофӣ ба иттилооти дурусту воқеӣ ва заъфи тафаккури интиқодӣ дар миёни онҳо мебошад. Аз ин рӯ, ҷомеаҳои муосир бояд бо истифода аз роҳҳои фаъоли иттилоотиву огоҳибахшӣ сатҳи саводи иттилоотӣ, масъулияти иҷтимоӣ ва тафаккури интиқодии ҷавононро баланд бардоранд.
Таҷрибаи байналмилалӣ нишон медиҳад, ки чорабиниҳои интерактивӣ, мулоқоту машваратҳо, намоишномаҳои театрӣ, филмҳо ва маводҳои махсуси иттилоотиву огоҳибахшӣ воситаҳои муассири пешгирии тундгароӣ мебошанд. Чунин чорабиниҳо ба аҳолӣ имконият медиҳанд, ки масъалаҳои ифротгароиро на танҳо фаҳманд, балки дар муҳити озоду амн бо якдигар фаъолона муҳокима карда, мавқеи шахсӣ ва масъулияти худро дар пешгирии чунин падидаҳо ташаккул диҳанд. Иттилооти дуруст, дастрас ва саривақтӣ ҳамчун воситаи калидии пешгирии тундгароӣ ва ифротгароии хушунатомез ба шумор меравад.
Ҳамин тариқ, кори пешгирӣ набояд танҳо бо роҳи паҳн кардани маълумоти умумӣ маҳдуд гардад. Баръакс, он бояд ба таври ҳадафманд, бо ҷалби ҳамаи гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва тавассути шаклҳои гуногуни муосири иртиботӣ амалӣ шавад. Дар шароити муосир, ки шабакаҳои иҷтимоӣ ва интернет ба василаи асосии таблиғоти ғояҳои тундгаро ва ифротӣ табдил ёфтаанд, чорабиниҳои иттилоотиву огоҳибахшӣ бояд бо истифодаи ин технологияҳо баргузор шаванд.
Чорабиниҳое, ки бо истифода аз усулҳои муассири коммуникатсионӣ, монанди муколамаҳои интерактивӣ, намоишҳои театрӣ ва маводҳои мултимедиявӣ баргузор мешаванд, таъсири бештар доранд. Чунин чорабиниҳо на танҳо барои огоҳ намудани ҷомеа аз хатарҳои тундгароӣ, балки барои ташаккули муҳити устувор ва ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа низ мусоидат менамоянд.
Бо такя ба таҷрибаи байналмилалӣ, аз 1-уми июн то 21-уми июли соли 2025 Ташкилоти ҷамъиятии “Таҳлил” дар доираи лоиҳаи САҲА таҳти унвони “Дастгирии татбиқи Стратегияи муқовимат ба терроризм ва экстремизми хушунатомез барои солҳои 2021–2025 (марҳилаи 4)” дар вилояти Хатлон марҳилаи якуми маъракаи васеи иттилоотиву огоҳибахширо баргузор намуд. Марҳилаи дуюм аз моҳи сентябр то ноябр дар шашру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб идома меёбанд. Маъракаи мазкур бо истифодаи шаклҳои гуногун, аз ҷумла намоишҳои театрӣ, таҳияи маводҳои махсуси иттилоотӣ ва маводи мултимедиявӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ амалӣ гардид.
Дар ҷараёни ин маърака намоиши иҷтимоӣ-драмавии “Бозгашт”, ки аз ҷониби Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар таҳия шуд, дар 12 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон баргузор шуда, беш аз 1200 нафарро фаро гирифт. Дар ин чорабиниҳо намояндагони мақомоти маҳаллӣ, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, соҳаҳои маориф ва тандурустӣ, имомхатибон, ҷавонон ва занони фаъол иштирок намуданд. Баёни масъалаҳои марбут ба ифротгароӣ дар шакли театрӣ таъсири эҳсосӣ ва иҷтимоии баландро дар байни аҳолӣ ба вуҷуд оварда, имконияти муҳокимаи фаъолонаи мавзӯъро фароҳам сохт.
Дар баробари намоишҳои театрӣ маводҳои махсуси иттилоотӣ таҳия ва байни аҳолӣ паҳн карда шуданд. Варақаҳои иттилоотии “Ҷомеаи огоҳ – ҷомеаи амн”, “Таҳаммулпазирӣ ва сулҳ – мероси фарҳанги мо”, инчунин ёддошти мухтасари “Нишонаҳои ифротишавӣ. Кӯтоҳ, равшан, муҳим” бо забони содда ва дастрас масъалаҳои марбут ба ифротгароиро барои мардум равшан сохтанд ва сатҳи огоҳии аҳолиро баланд бардоштанд.
Фаъолият дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамчун ҷузъи муҳими маърака ба таври назаррас натиҷаҳои мусбат дод. Танҳо дар муддати кӯтоҳ саҳифаи Facebook-и ТҶ “Таҳлил” беш аз 130 ҳазор нафар ва Instagram беш аз 35 ҳазор нафарро фаро гирифт. Қобили қайд аст, ки тақрибан 88%-и корбарон бори аввал ба саҳифа ва муҳтавои он ошно шуданд, ки таъсири баланди маъракаро дар фарогирии гурӯҳҳои нави иҷтимоӣ нишон медиҳад. Наворҳои кӯтоҳ ба монанди “Ман зиндагиро интихоб мекунам!” ва “Агар метавонистам бозпас баргардам…”, дар ин раванд нақши муҳим хоҳанд бозид ва таваҷҷуҳи васеи корбаронро ба худ ҷалб хоҳад намуд.

Мониторинги раванди маърака ва натиҷаҳои назарсанҷие, ки аз ҷониби “Таҳлил” бо дастгирии зерсохтори СММ “СММ Занон” анҷом ёфт нишон доданд, ки воситаҳои ахбори омма (27,9%), шабакаҳои иҷтимоӣ (23%), чорабиниҳои ҷамъиятӣ (14,9%) ва тренингҳо (8,9%) манбаъҳои асосии дастрасии аҳолӣ ба иттилооти марбут ба ифротгароӣ мебошанд. Ин нишон медиҳад, ки чорабиниҳои иттилоотиву огоҳибахшӣ вақте муассир мегарданд, ки ба таври маҷмӯи ва бо истифодаи василаҳои гуногун амалӣ гарданд.
Ҳамчунин, таҷрибаи маърака собит намуд, ки иштироки фаъоли мақомоти маҳаллӣ, коршиносон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки дар намоишҳо ва чорабиниҳо ширкат варзиданд, боиси баланд шудани боварӣ ва эътимоди аҳолӣ гардид. Дар натиҷа, сокинони маҳаллӣ бо масъулияти бештар ба масъалаҳои ифротгароӣ муносибат карданд.
Ҳамин тариқ, таҷрибаи маъракаи иттилоотиву огоҳибахшӣ, ки Ташкилоти ҷамъиятии “Таҳлил” бо дастгирии САҲА дар вилояти Хатлон баргузор намуд, баёнгари он аст, ки чорабиниҳои муназзаму фарогири иттилоотиву фаҳмондадиҳӣ яке аз роҳҳои муассиртарин барои пешгирии ифротгароӣ ва тундгароии хушунатомез мебошад ва метавонад ҳамчун намуна барои татбиқи минбаъдаи чунин чорабиниҳо дар дигар минтақаҳои Тоҷикистон истифода шавад.
Бо назардошти таҷрибаи андӯхта ва натиҷаҳои таҳлилҳои гузаронидашуда, барои минбаъд самараноктар намудани фаъолияти пешгирӣ ва муқовимат бо ифротгароӣ пешниҳодҳои зерини мушаххас ироа мегарданд.
Пеш аз ҳама, бояд ҷуғрофияи чорабиниҳои иттилоотиву огоҳибахшӣ тавсеа ёбад ва аз сатҳи марказҳои ноҳияҳо то сатҳи ҷамоатҳо ва деҳаҳои дурдаст густариш дода шавад. Ин имконият медиҳад, ки ҳамаи гурӯҳҳои аҳолӣ ба чунин маводҳо ва иттилооти зарурӣ дастрасӣ дошта бошанд. Дар ин раванд бояд нақши муассири мақомоти иҷроияи маҳаллӣ, бахусус дар сатҳи ноҳияҳо ва ҷамоатҳо, таъмин карда шавад, то ки иштироки бештари аҳолӣ ва намояндагони гурӯҳҳои осебпазир таъмин гардад.
Бояд чорабиниҳои иттилоотиву огоҳибахшӣ ба низоми маориф ва фарҳанг ворид карда шаванд ва ба таври доимӣ дар муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла мактабҳо ва донишгоҳҳо баргузор гарданд. Чунин чорабинӣ ба ҷавонон имконият медиҳад, ки дар муҳити бехатар ва созанда масъалаҳои тундгароиро бо ҳамсолон ва мураббиёни худ муҳокима кунанд ва саводи иттилоотӣ ва тафаккури интиқодии худро мустаҳкам намоянд.
Ҳамчунин, зарур аст, ки маводҳои иттилоотиву огоҳибахшии махсус, аз ҷумла навор ва тасвирбаёнҳо, варақаҳо ва ёддоштҳои мухтасар ба таври васеъ паҳн карда шаванд. Дар баробари ин, бояд роҳу усулҳои муосири чандрасонаӣ ва имконоти шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври муассир истифода гарданд, зеро таҷриба нишон дод, ки маҳз чунин васоити иртиботӣ имконият медиҳанд, ки аҳолӣ дар кӯтоҳтарин вақт ба иттилооти зарурӣ дастрасӣ пайдо кунад ва сатҳи огоҳии худро баланд бардорад.

Барои таъмин кардани фаъолияти босамари пешгирӣ бояд низоми ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва мақомотҳои маҳаллӣ тақвият дода шавад. Танҳо тавассути ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти ҳамаи тарафҳои манфиатдор, аз ҷумла муассисаҳои давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, муассисаҳои таълимӣ ва расонаҳои хабарӣ, метавон корҳои пешгириро муассиртар ва фарогиртар амалӣ намуд.
Дар сатҳи сиёсати давлатӣ зарур аст, ки механизмҳои мушаххаси ҳамкорӣ бо мақомотҳои дахлдори давлатӣ, аз ҷумла Додситонии кул, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи кор бо занон ва оила ва мақомоти иҷроияи маҳаллӣ роҳандозӣ гарданд. Ин механизмҳо бояд ҳамоҳангсозии фаъолиятҳо ва ҷалби намояндагони гурӯҳҳои махсуси аҳолӣ, аз ҷумла ҷавонон, занон ва гурӯҳҳои осебпазирро дар чорабиниҳои пешгирикунанда таъмин намоянд.
Дар ниҳоят, зарур аст, ки дар ҷомеа муҳити созандаи иҷтимоӣ фароҳам оварда шавад, ки дар он саводи иттилоотӣ, тафаккури интиқодӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ дар сатҳи баланд қарор дошта бошанд. Барои расидан ба ин ҳадаф бояд ба ҷавонон алтернативаҳои идеологӣ пешниҳод шаванд, ки онҳо аз таъсири манфии таблиғоти тундгароӣ муҳофизат шаванд.
Ҳамин тавр, вазифаи муқовимат ба ифротгароӣ кори танҳо мақомоти давлатӣ нест, балки масъулияти тамоми ҷомеа аст. Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд масъулияти худро дар ин самт эҳсос карда, барои баланд бардоштани огоҳии худ ва атрофиён чораҷӯӣ намояд. Танҳо бо ҳамин роҳ мо метавонем ҷомеаи худро аз таҳдидҳои имрӯзаи ифротгароӣ муҳофизат кунем, суботи иҷтимоӣ ва амнияти кишварро таъмин намоем ва арзишҳои миллию фарҳангии худро ҳифз кунем.
Мавод дар доираи лоиҳаи Дафтари барномаҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) “Дастгирии татбиқи Стратегияи миллии муқовимат ба терроризм ва экстремизми хушунатомез барои солҳои 2021–2025 (марҳилаи 4 – маъракаи огоҳибахшӣ ва иттилоърасонӣ барои пешгирии ифротгароии хушунатомез дар вилояти Хатлон)” таҳия гардидааст.
Дар таҳқиқоти коршиносони масоили пешгирии ифротгароӣ ва тундгароӣ таъкид мегардад, ки яке аз омилҳои асосии ба раванди ифротгароӣ ҷалб шудани ҷавонон маҳз набудани дастрасии кофӣ ба иттилооти дурусту воқеӣ ва заъфи тафаккури интиқодӣ дар миёни онҳо мебошад. Аз ин рӯ, ҷомеаҳои муосир бояд бо истифода аз роҳҳои фаъоли иттилоотиву огоҳибахшӣ сатҳи саводи иттилоотӣ, масъулияти иҷтимоӣ ва тафаккури интиқодии ҷавононро баланд бардоранд.
Таҷрибаи байналмилалӣ нишон медиҳад, ки чорабиниҳои интерактивӣ, мулоқоту машваратҳо, намоишномаҳои театрӣ, филмҳо ва маводҳои махсуси иттилоотиву огоҳибахшӣ воситаҳои муассири пешгирии тундгароӣ мебошанд. Чунин чорабиниҳо ба аҳолӣ имконият медиҳанд, ки масъалаҳои ифротгароиро на танҳо фаҳманд, балки дар муҳити озоду амн бо якдигар фаъолона муҳокима карда, мавқеи шахсӣ ва масъулияти худро дар пешгирии чунин падидаҳо ташаккул диҳанд. Иттилооти дуруст, дастрас ва саривақтӣ ҳамчун воситаи калидии пешгирии тундгароӣ ва ифротгароии хушунатомез ба шумор меравад.
Ҳамин тариқ, кори пешгирӣ набояд танҳо бо роҳи паҳн кардани маълумоти умумӣ маҳдуд гардад. Баръакс, он бояд ба таври ҳадафманд, бо ҷалби ҳамаи гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва тавассути шаклҳои гуногуни муосири иртиботӣ амалӣ шавад. Дар шароити муосир, ки шабакаҳои иҷтимоӣ ва интернет ба василаи асосии таблиғоти ғояҳои тундгаро ва ифротӣ табдил ёфтаанд, чорабиниҳои иттилоотиву огоҳибахшӣ бояд бо истифодаи ин технологияҳо баргузор шаванд.
Чорабиниҳое, ки бо истифода аз усулҳои муассири коммуникатсионӣ, монанди муколамаҳои интерактивӣ, намоишҳои театрӣ ва маводҳои мултимедиявӣ баргузор мешаванд, таъсири бештар доранд. Чунин чорабиниҳо на танҳо барои огоҳ намудани ҷомеа аз хатарҳои тундгароӣ, балки барои ташаккули муҳити устувор ва ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа низ мусоидат менамоянд.
Таҷрибаи байналмилалӣ ва натиҷаҳои маъракаи иттилоотиву огоҳибахшӣ
Таҷрибаи байналмилалӣ нишон медиҳад, ки пешгирии муассири тундгароӣ ва ифротгароии хушунатомез танҳо бо иштироки фаъоли ҷомеа ва истифодаи чорабиниҳои таъсирбахши иттилоотиву огоҳибахшӣ имконпазир аст. Чорабиниҳои театрӣ, мулоқоту машваратҳои интерактивӣ ва маводи махсуси иттилоотӣ, ки дар кишварҳои гуногун истифода мешаванд, сатҳи огоҳӣ ва ҳассосияти аҳолиро нисбат ба хатарҳои ифротгароӣ баланд бардошта, барои ташаккули муҳити иҷтимоии устувор ва таҳаммулпазирӣ замина фароҳам меоранд.Бо такя ба таҷрибаи байналмилалӣ, аз 1-уми июн то 21-уми июли соли 2025 Ташкилоти ҷамъиятии “Таҳлил” дар доираи лоиҳаи САҲА таҳти унвони “Дастгирии татбиқи Стратегияи муқовимат ба терроризм ва экстремизми хушунатомез барои солҳои 2021–2025 (марҳилаи 4)” дар вилояти Хатлон марҳилаи якуми маъракаи васеи иттилоотиву огоҳибахширо баргузор намуд. Марҳилаи дуюм аз моҳи сентябр то ноябр дар шашру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб идома меёбанд. Маъракаи мазкур бо истифодаи шаклҳои гуногун, аз ҷумла намоишҳои театрӣ, таҳияи маводҳои махсуси иттилоотӣ ва маводи мултимедиявӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ амалӣ гардид.
Дар ҷараёни ин маърака намоиши иҷтимоӣ-драмавии “Бозгашт”, ки аз ҷониби Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар таҳия шуд, дар 12 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон баргузор шуда, беш аз 1200 нафарро фаро гирифт. Дар ин чорабиниҳо намояндагони мақомоти маҳаллӣ, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, соҳаҳои маориф ва тандурустӣ, имомхатибон, ҷавонон ва занони фаъол иштирок намуданд. Баёни масъалаҳои марбут ба ифротгароӣ дар шакли театрӣ таъсири эҳсосӣ ва иҷтимоии баландро дар байни аҳолӣ ба вуҷуд оварда, имконияти муҳокимаи фаъолонаи мавзӯъро фароҳам сохт.
Дар баробари намоишҳои театрӣ маводҳои махсуси иттилоотӣ таҳия ва байни аҳолӣ паҳн карда шуданд. Варақаҳои иттилоотии “Ҷомеаи огоҳ – ҷомеаи амн”, “Таҳаммулпазирӣ ва сулҳ – мероси фарҳанги мо”, инчунин ёддошти мухтасари “Нишонаҳои ифротишавӣ. Кӯтоҳ, равшан, муҳим” бо забони содда ва дастрас масъалаҳои марбут ба ифротгароиро барои мардум равшан сохтанд ва сатҳи огоҳии аҳолиро баланд бардоштанд.
Фаъолият дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамчун ҷузъи муҳими маърака ба таври назаррас натиҷаҳои мусбат дод. Танҳо дар муддати кӯтоҳ саҳифаи Facebook-и ТҶ “Таҳлил” беш аз 130 ҳазор нафар ва Instagram беш аз 35 ҳазор нафарро фаро гирифт. Қобили қайд аст, ки тақрибан 88%-и корбарон бори аввал ба саҳифа ва муҳтавои он ошно шуданд, ки таъсири баланди маъракаро дар фарогирии гурӯҳҳои нави иҷтимоӣ нишон медиҳад. Наворҳои кӯтоҳ ба монанди “Ман зиндагиро интихоб мекунам!” ва “Агар метавонистам бозпас баргардам…”, дар ин раванд нақши муҳим хоҳанд бозид ва таваҷҷуҳи васеи корбаронро ба худ ҷалб хоҳад намуд.

Мониторинги раванди маърака ва натиҷаҳои назарсанҷие, ки аз ҷониби “Таҳлил” бо дастгирии зерсохтори СММ “СММ Занон” анҷом ёфт нишон доданд, ки воситаҳои ахбори омма (27,9%), шабакаҳои иҷтимоӣ (23%), чорабиниҳои ҷамъиятӣ (14,9%) ва тренингҳо (8,9%) манбаъҳои асосии дастрасии аҳолӣ ба иттилооти марбут ба ифротгароӣ мебошанд. Ин нишон медиҳад, ки чорабиниҳои иттилоотиву огоҳибахшӣ вақте муассир мегарданд, ки ба таври маҷмӯи ва бо истифодаи василаҳои гуногун амалӣ гарданд.
Ҳамчунин, таҷрибаи маърака собит намуд, ки иштироки фаъоли мақомоти маҳаллӣ, коршиносон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки дар намоишҳо ва чорабиниҳо ширкат варзиданд, боиси баланд шудани боварӣ ва эътимоди аҳолӣ гардид. Дар натиҷа, сокинони маҳаллӣ бо масъулияти бештар ба масъалаҳои ифротгароӣ муносибат карданд.
Ҳамин тариқ, таҷрибаи маъракаи иттилоотиву огоҳибахшӣ, ки Ташкилоти ҷамъиятии “Таҳлил” бо дастгирии САҲА дар вилояти Хатлон баргузор намуд, баёнгари он аст, ки чорабиниҳои муназзаму фарогири иттилоотиву фаҳмондадиҳӣ яке аз роҳҳои муассиртарин барои пешгирии ифротгароӣ ва тундгароии хушунатомез мебошад ва метавонад ҳамчун намуна барои татбиқи минбаъдаи чунин чорабиниҳо дар дигар минтақаҳои Тоҷикистон истифода шавад.
Тавсияҳо ва даъват ба амал
Ташкили маъракаҳои иттилоотиву огоҳибахшӣ барои пешгирии ифротгароӣ ва тундгароии хушунатомез дар Тоҷикистон, махсусан дар минтақаҳои наздисарҳадӣ ва осебпазир, яке аз самтҳои муҳим ва муассири сиёсати пешгирикунандаи давлат ба шумор меравад. Таҷрибаи амалб намудани марҳилаи якуми Маъракаи иттилоотиву огоҳибахшӣ дар вилояти Хатлон нишон дод, ки фаъолияти мазкур метавонад ба таври муассир барои баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа, ҷалби васеи ҷавонон ва гурӯҳҳои осебпазир, инчунин ташаккули муҳити устувори иҷтимоӣ мусоидат намояд.Бо назардошти таҷрибаи андӯхта ва натиҷаҳои таҳлилҳои гузаронидашуда, барои минбаъд самараноктар намудани фаъолияти пешгирӣ ва муқовимат бо ифротгароӣ пешниҳодҳои зерини мушаххас ироа мегарданд.
Пеш аз ҳама, бояд ҷуғрофияи чорабиниҳои иттилоотиву огоҳибахшӣ тавсеа ёбад ва аз сатҳи марказҳои ноҳияҳо то сатҳи ҷамоатҳо ва деҳаҳои дурдаст густариш дода шавад. Ин имконият медиҳад, ки ҳамаи гурӯҳҳои аҳолӣ ба чунин маводҳо ва иттилооти зарурӣ дастрасӣ дошта бошанд. Дар ин раванд бояд нақши муассири мақомоти иҷроияи маҳаллӣ, бахусус дар сатҳи ноҳияҳо ва ҷамоатҳо, таъмин карда шавад, то ки иштироки бештари аҳолӣ ва намояндагони гурӯҳҳои осебпазир таъмин гардад.
Бояд чорабиниҳои иттилоотиву огоҳибахшӣ ба низоми маориф ва фарҳанг ворид карда шаванд ва ба таври доимӣ дар муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла мактабҳо ва донишгоҳҳо баргузор гарданд. Чунин чорабинӣ ба ҷавонон имконият медиҳад, ки дар муҳити бехатар ва созанда масъалаҳои тундгароиро бо ҳамсолон ва мураббиёни худ муҳокима кунанд ва саводи иттилоотӣ ва тафаккури интиқодии худро мустаҳкам намоянд.
Ҳамчунин, зарур аст, ки маводҳои иттилоотиву огоҳибахшии махсус, аз ҷумла навор ва тасвирбаёнҳо, варақаҳо ва ёддоштҳои мухтасар ба таври васеъ паҳн карда шаванд. Дар баробари ин, бояд роҳу усулҳои муосири чандрасонаӣ ва имконоти шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври муассир истифода гарданд, зеро таҷриба нишон дод, ки маҳз чунин васоити иртиботӣ имконият медиҳанд, ки аҳолӣ дар кӯтоҳтарин вақт ба иттилооти зарурӣ дастрасӣ пайдо кунад ва сатҳи огоҳии худро баланд бардорад.
Барои таъмин кардани фаъолияти босамари пешгирӣ бояд низоми ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва мақомотҳои маҳаллӣ тақвият дода шавад. Танҳо тавассути ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти ҳамаи тарафҳои манфиатдор, аз ҷумла муассисаҳои давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, муассисаҳои таълимӣ ва расонаҳои хабарӣ, метавон корҳои пешгириро муассиртар ва фарогиртар амалӣ намуд.
Дар сатҳи сиёсати давлатӣ зарур аст, ки механизмҳои мушаххаси ҳамкорӣ бо мақомотҳои дахлдори давлатӣ, аз ҷумла Додситонии кул, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи кор бо занон ва оила ва мақомоти иҷроияи маҳаллӣ роҳандозӣ гарданд. Ин механизмҳо бояд ҳамоҳангсозии фаъолиятҳо ва ҷалби намояндагони гурӯҳҳои махсуси аҳолӣ, аз ҷумла ҷавонон, занон ва гурӯҳҳои осебпазирро дар чорабиниҳои пешгирикунанда таъмин намоянд.
Дар ниҳоят, зарур аст, ки дар ҷомеа муҳити созандаи иҷтимоӣ фароҳам оварда шавад, ки дар он саводи иттилоотӣ, тафаккури интиқодӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ дар сатҳи баланд қарор дошта бошанд. Барои расидан ба ин ҳадаф бояд ба ҷавонон алтернативаҳои идеологӣ пешниҳод шаванд, ки онҳо аз таъсири манфии таблиғоти тундгароӣ муҳофизат шаванд.
Ҳамин тавр, вазифаи муқовимат ба ифротгароӣ кори танҳо мақомоти давлатӣ нест, балки масъулияти тамоми ҷомеа аст. Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд масъулияти худро дар ин самт эҳсос карда, барои баланд бардоштани огоҳии худ ва атрофиён чораҷӯӣ намояд. Танҳо бо ҳамин роҳ мо метавонем ҷомеаи худро аз таҳдидҳои имрӯзаи ифротгароӣ муҳофизат кунем, суботи иҷтимоӣ ва амнияти кишварро таъмин намоем ва арзишҳои миллию фарҳангии худро ҳифз кунем.
Мавод дар доираи лоиҳаи Дафтари барномаҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) “Дастгирии татбиқи Стратегияи миллии муқовимат ба терроризм ва экстремизми хушунатомез барои солҳои 2021–2025 (марҳилаи 4 – маъракаи огоҳибахшӣ ва иттилоърасонӣ барои пешгирии ифротгароии хушунатомез дар вилояти Хатлон)” таҳия гардидааст.
Комментарии (0)