< Дастаи футболи “Равшан” ба финали Ҷоми Тоҷикистон баромад » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Дастаи футболи “Равшан” ба финали Ҷоми Тоҷикистон баромад

Дастаи футболи “Равшан” ба финали Ҷоми Тоҷикистон баромад
Ахиран бозиҳои ҷавобии даври ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон 2023 баргузор шуданд, иттилоъ додааст рӯзномаи “Хатлон”.
Дар доираи бозии ҷавобии даври ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон дастаи "Равшан"-и Кӯлоб бо дастаи "Хатлон"-и Бохтар рақобат намуд.
Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор доир гардид, ки бозингарони “Хатлон” бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуданд, аммо аз ҳисоби умумии ду бозӣ (3:2) дастаи "Равшан" ба финали Ҷоми Тоҷикистон роҳ ёфт.
Голҳои дастаи "Хатлон"-ро дар ин дидор Сунатулло Азизов ва Беҳрӯз Хуҷаев дар қисми аввали бозӣ ба самар расониданд.
Мавриди зикр аст, рақиби дастаи “Равшан”-и Кӯлоб дар финали Ҷоми Тоҷикистон дастаи "Истиқлол"-и Душанбе мебошад.
Ёдовар мешавем, ки дастаи футболи "Хатлон" баъд аз нокомии навбатӣ лигаи олиро тарк кард.
“Хатлон” (номи пурра: Бошгоҳи футболи "Хатлон" Бохтар) — бошгоҳи футболи тоҷик, ки соли 1960 дар шаҳри Бохтар таъсис ёфтааст. Яке аз дастаҳои футболии машҳуру пурифтихори Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

САРЧАШМА:​sputnik.tj​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий