
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон субҳи 7-уми октябр ба шаҳри Санкт-Петербурги Русия рафтааст. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон навишт, ки ҳадаф аз ин сафар, ширкат дар вохӯрии ғайрирасмии сарони давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аст. Дар бораи ҷузъиёти мулоқоти роҳбарони кишварҳои узви ИДМ феълан иттилои зиёде дар даст нест. Дмитрий Песков, сухангӯи президенти Русия дар суҳбат бо расонаҳои русӣ, ин дидорро муҳим хонд. Президенти Қирғизистон гуфтааст, ки ба ин ҳамоиш намеравад.
Комментарии (0)