Баргузории 7-умин конфронси ҳамкориҳои минтақавӣ миёни Русияву Тоҷикистон

Дар қисмати асосии конфронс роҳбарони Тоҷикистону Русия - Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин иштирок хоҳанд кард
Конфронси 7-ум оид ба ҳамкориҳои минтақавии Русияву Тоҷикистон дар шаҳри Маскав баргузор мегардад, иттилоъ додааст дафтари матбуотии Бунёди Росконгрес.
Баргузории конфронс 16-17 апрели соли равон ба нақша гирифта шудааст.
Ташкилкунандагони конфронс Вазорати рушди иқтисоди Русия ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бо дастгирии Бунёди Росконгресс мебошанд.
“Конфронс бо мақсади рушди ҳамкориҳо миёни минтақаҳо, соҳибкорон ва ташкилотҳои Русиву Тоҷикистон баргузор мегардад”, - омадааст дар иттилоия.
Дар рӯзи аввали конфронс мизи мудаввар оид ба масоили ҳамкориҳо дар соҳаи аграрӣ, логистикӣ, сармоягузорӣ, тиҷорат, таҳсил ва фарҳанг баргузор мегардад.
Ғайр аз ин дар форуми ҷавонони Русия ва Тоҷикистон, ки ташкилкунандааш Агентии федеролӣ оид ба корҳои ҷавонони Русия (Росмолодежь) мебошад, маърӯзаҳо оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ қироат ва шарҳ дода мешаванд.
Дар рӯзи асосӣ 17 апрел қисмати ососии ҷаласа баргузор мегардад. Дар он Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин иштирок хоҳанд кард. Дар назди иштироккунандагон Вазири рушди иқтисодии Русия Максим Орешкин ва Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода баромад хоҳанд кард.
Комментарии (0)