< Барои 200 сомонӣ то мурдан зад: тафсилоти куштори писари хурдсол дар Бохтар » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Барои 200 сомонӣ то мурдан зад: тафсилоти куштори писари хурдсол дар Бохтар

Барои 200 сомонӣ то мурдан зад: тафсилоти куштори писари хурдсол дар Бохтар

Дар сурати тасдиқи иттиҳомот алайҳи дастгиршуда, ӯро ҳукми маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз дувоздаҳ то понздаҳ интизор аст

Раёсати Вазорати умури дохилии Тоҷиикстон дар Хатлон ҳодисаи куштори мудҳиши Розиқов Зиёдуллои 9-соларо шарҳ дод.

Ба гузориши ин ниҳод, бо иттиҳоми қасдан расонидани зарар ба саломатӣ, ки боиси марги хурдсол гаштааст, Мадинаи Аҳмади 27-сола боздошт гаштааст.

Маврид ба зикр аст, ки ҳодисаи мазкур санаи 27 июн сар зада буд.

Ба иттилои манбаъ, боздоштшуда бо гумони аз дохили ҳамёнаш гирифтани 200 сомонӣ маблағи пулияш ба ғазаб, омада хурдсолро бо истифода аз миёнбанди мардона бо бераҳмии махсус латукӯб мекунад.

"Хурдсол дар пайи бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад", - афзудааст манбаъ.

Гуфта мешавад, хурдсол хонандаи мактабаи № 8 - шаoри Бохтар буд ва бо хоҳиши тағои марҳум ва шавҳаршавандаи ҷавонзан ба ӯ зиндагӣ мекард.

Дар видеое, ки ин ниҳод нашр кард, боздоштшуда шарҳ дод, ки чӣ гуна ноболиғро кушт.




"Задам аз пой афтод. Пасон ба ҳаммом бурдаву рӯяшро шуста об додам. Шикоят кард, ки пойҳояш дард мекунанд ва об хост. Обро додаму гулуяшро гирифту аз ҳуш рафт. Ёрии таъҷилиро даъват кардам, ки аллакай фавтида буд", - гуфт Аҳмадова зимни бозпурсӣ.

ВУД мегӯяд, ҳоло алайҳи дастгиршуда ҳоло бар асоси моддаи 110 қисми 3 банди "в"-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз шуда, тафтишот идома дорад.

Сарчашма: ​sputnik-tj.com​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий