Чин: Стратегияи нави ИМА маҳкум ба шикаст аст
Вазири корҳои хориҷии Чин итминон дорад, ки стратегияи ИМА дар Ҳинду уқёнуси Ором албатта ноком хоҳад шуд - инро каме бояд интизор шуд
Стратегияи дар Ҳинду уқёнуси Ором таҳиякардаи ИМА, ки ба воситаи он оташи ҷангрро афрӯхта, сулҳу осоиши ин минтақаро вайрон карданӣ мешаванд, бешубҳа, барбод меравад.
Дар ин бора Ван И, вазири умури хориҷии Чин, дар як нишасти хабарӣ дар пайи мулоқот бо вазири хориҷаи Покистон Билавал Бҳутто Зардорӣ дар Гуанҷоу дар ҷануби Чин изҳор дошт.
Ба фикри дипломати чинӣ, халкхқҳои минтақаи Осиё ва уқёнуси Ором аз ҷанҷолҳое, ки гегемонисозӣ боиси он шуда метавонад, нагз медонанд ва аз ин рӯ барои сулҳу осоиши миллӣ ва ҳаёти хушбахтона кӯшиш мекунанд.
Вай қайд кард, ки ин кишварҳо қасди интихоби касеро надоранд, тамоюли аслӣ дар минтақа мусоидат ба ҳамгироии минтақавӣ ва бунёди ҷомеаи Осиё ва Уқёнуси Ором бо сарнавишти муштарак боқӣ мемонад.
"Далоил собит хоҳанд кард, ки стратегияи ба истилоҳ Ҳинду Уқёнуси Ором аслан як стратегияи эҷоди ихтилоф, барангехтани зиддият ва халалдор кардани сулҳ аст. Новобаста аз он ки ин стратегия чӣ гуна муаррифӣ мешавад, дар ниҳоят ноком хоҳад шуд", - гуфт Ван И.
Ба андешаи ӯ, Иёлоти Муттаҳида дар зери шиори "озодӣ ва ошкорбаёнӣ" дар ҳақиқат дар минтақа гуруҳҳо ташкил карда, давлатҳои ин минтақаро ба хизмати гегемонияи худ гузоштан мехоханд.
Сарчашма: sputnik-tj.com
Комментарии (0)