< Муҳоҷири тоҷик дар Маскав кӯдакро аз марг наҷот дод » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Муҳоҷири тоҷик дар Маскав кӯдакро аз марг наҷот дод

Муҳоҷири тоҷик дар Маскав кӯдакро аз марг наҷот дод

Хонандаи синфи чорумро, ки ба метро сарозер шуд, муҳоҷири тоҷик аз марг наҷот дод

Дар Маскав як муҳоҷири 40-солаи тоҷик мактабхони 10-соларо, ки ба метро сарозер шуд, наҷот дод, хабар медиҳад "Комсомольская правда".

Ҳодиса дар истгоҳи "Библиотека имени Ленина" рух дод. Гуфта мешавад, хонандаи синфи чорум, ки саргарми "телефонбозӣ" буд тасодуфан ба қатори роҳи метро афтод.

Ин ҳолатро муҳоҷир аз Тоҷикистон дида, зуд ба кумаки ноболиғ шитофт.

Ӯ баъдтар шарҳ додааст, ки кӯдаки саргарми бозӣ дар телефони дастиро дид ва шоҳиди сарозер шудани ӯ гардид.

Маълум шуд, ки ин шаҳрванди Тоҷикистон тақрибан 20 сол боз дар Маскав ба сар мебарад ва дар сохтмонҳо кор мекунад.

"Садои торсакӣ шунидам, баъд писарбачаро дидам. Кӯдак аз шок наҷунбид. Худоро шукр, ки қатора ин лаҳза наомад", - гуфт яке аз мусофирони метро.

Ба гуфтаи вай, муҳоҷир зуд кӯдакро берун кашид

"Мо писарро ба пушт андохтем. Ман дасташро гирифтам ва ӯро ором кардем", - гуфт ӯ.

Гуфта мешавад, кӯдакро зуд ба беморхона интиқол доданд ва ҳоли вазъияташ вазнин арзёбӣ мешавад.

Сарчашма: Sputnik Tajikistan

Комментарии (0)

Оставить комментарий