< Дар пайи Ӯзбекистон Русия низ маҳдудиятҳои пандемияро лағв кард » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Дар пайи Ӯзбекистон Русия низ маҳдудиятҳои пандемияро лағв кард

Дар пайи Ӯзбекистон Русия низ маҳдудиятҳои пандемияро лағв кард

Субҳи имрӯз, 11 март “Росавиатсия” дар бораи бекор кардани маҳдудиятҳое, ки дар робита ба бемории коронавирус зимни парвозҳои ҳавопаймо дар фурудгоҳҳои ин кишвар ҷорӣ гардида буд, дар як қатор давлатҳо хабар дод. Дар байни онҳо Тоҷикистон низ ҳаст.

- “Росавиатсия” дар бораи лағви маҳдудиятҳое, ки бар асари коронавирус дар парвозҳо ба Озарбойҷон, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбакистон ва Эрон ҷорӣ шуда буданд, эълон кард, - менависанд расонаҳои русӣ.

Ин ниҳод ба таври мушаххас нагуфтааст, ки кадом маҳдудиятҳо лағв карда шуд.

Дар ҳамин ҳол аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон гуфтанд, ки дар бораи бекор кардани маҳдудиятҳо аз ҷониби Русия дархости расмӣ қабул накардаанд ва ҳамин тариқ, маълум нест ки ин маҳдудитяҳо чиро дар бар мегирад.

- Дар ҳолати расман қабул намудани дархост дар мавриди лағви маҳдудиятҳо маълум мегардад, ки кадом махдудиятҳо бардошта мешаванд. Ҳоло мо расман аз ҷониби Русия дархост қабул накардаем, аз ин рӯ дар бораи маҳдудиятҳо чизе гуфт наметавонем, - гуфт дар суҳбат бо “Азия – Плюс”Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати бехатарии эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва ёрии таъҷилии Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ

Ёдовар мешавем, ки бо қарори Ситоди ҷумҳуриявии муқовимат бо коронавирус аз 15 март фаъолияти гузаргоҳҳои сарҳади давлатии Тоҷикистон бо Ӯзбекистон ба реҷаи муқаррарӣ баргардонида мешавад.


Комментарии (0)

Оставить комментарий