< Расулзода бо раҳбари ширкати "Балтика Групп"-и Русия имкони сармоягузориро баррасӣ кард » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Расулзода бо раҳбари ширкати "Балтика Групп"-и Русия имкони сармоягузориро баррасӣ кард

Расулзода бо раҳбари ширкати "Балтика Групп"-и Русия имкони сармоягузориро баррасӣ кард
Сарвазири Тоҷикистон мегӯяд, кишвар барои сармоягузорӣ ва таъсиси коргоҳҳо шароитҳои хуб фароҳам кардааст

Қоҳир Расулзода сарвазири Тоҷикистон бо директори генералии Ширкати нассоҷии «Балтика Групп"-и Федератсияи Русия Михаил Бочаров мулоқот намудаст.

Дар ин мулоқот Расулзода бо Бочаров таъсиси коргоҳу корхонаҳои истеҳсолии муштарак, сармоягузорӣ, коркарди ниҳоии маҳсулот ва дар маҷмуъ, тақвият бахшидани ҳамкориҳо дар ин самтро баррасӣ кардаанд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон имкони хуби сармоягузорӣ дорад ва барои рушди бахши хусусӣ ва таъсиси коргоҳу корхонаҳои гуногуни истеҳсолӣ дар заминаи саноатикунонии босуръати кишвар ҳамчун ҳадафи чоруми миллӣ ва таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар соҳаи саноату сармоягузоррӣ имкони созгор фароҳам сохта, татбиқи якчанд имтиёзро ба роҳ мондааст.

Расулзода гуфтааст, ки Тоҷикистон имкони хуби истеҳсоли маҳсулоти соҳаи кишорвазиро доро буда, ба василаи то сатҳи ниҳоӣ коркард намудан ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот, баланд гардидани сатҳи некуаҳволӣ ва дар маҷмуъ, ба рушди иқтисоди миллӣ замина мегузорад.

Маврид ба зикр аст, ки дар ҳоли ҳозир як ҳайати Русия дар раъси раиси Шӯрои Федератсияи ин кишвар Валентина Матвиенко дар Тоҷикистон қарор доранд, ки миёни намояндагони бахшҳои ду кишвар ҳамкориҳо дар самтҳои гуногун баррасӣ мегардад.

Ёдовар мешавем Қаблан Евгений Коренков, намояндаи тиҷоратии Федератсияи Русия бо шарҳи «тарс"-и сармоягузорон аз вуруд ба Тоҷикистон гуфт, ки яке аз мушкилоти аслии ширкатҳои русие, ки дар қаламрави Тоҷикистон фаъолият мекунанд, вижагиҳои қонунгузории андоз аст.

Вай тавзеҳ дод, ки сарбории андоз барои саноеи истихроҷ дар Тоҷикистон беш аз 50 дарсад аст ва ин дар навбати худ сармоягузорони бузургро аз ҳамкорӣ бозмедорад.

Сарчашма: ​Sputnik Tajikistan​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий