< Матвиенко дар мулоқот бо Рустами Эмомалӣ Тоҷикистонро шарики боэътимоди Русия дар ОМ хонд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Матвиенко дар мулоқот бо Рустами Эмомалӣ Тоҷикистонро шарики боэътимоди Русия дар ОМ хонд

Матвиенко дар мулоқот бо Рустами Эмомалӣ Тоҷикистонро шарики боэътимоди Русия дар ОМ хонд
Матвиенко зимни сафари расмӣ ба Душанбе бо Рустами Эмомалӣ рушди муносибатҳои парлумонӣ, муҳоҷират ва маорифро баррасӣ кардааст

Масоили ҳамкориҳои дуҷониба ва шарикии стратегии Тоҷикистону Русияро раисони палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ва раиси Шӯрои Федератсияи Русия Валентина Матвиенко баррасӣ карданд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Шӯрои Федератсияи Русия.

Ба иттилои манбаъ ҷонибҳо таъкид карданд, ки сафари ҳайати Шӯрои Федератсия ба Душанбе ба таҳкими равобити дуҷониба хидмат хоҳад кард.

Матвиенко зикр кард, ки Тоҷикистон шарик ва муттаҳиди боэътимоди Русия дар Осиёи Марказӣ ва ИДМ мебошад.

Рустами Эмомалӣ ҳамчунин афзуд, ки ду кишварро аз қадим риштаҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо ҳам мепайвандад.

«Русия яке аз шарикони асосии стратегӣ ва тиҷоратии мост», — гуфт ӯ.

Ба гуфтаи Матвиенко, наздикии мавқеъҳои Маскав ва Душанбе дар рӯи қариб ҳамаи масъалаҳои рӯзномаи байнулмилалӣ имкон медиҳад, ки мушкилоти муштарак ба таҳкими суботи минтақавӣ бомуваффақият ҳал карда шаванд.

Раиси палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ ҳамчунин зимни мулоқот қайд намуд, ки дар тӯли 30 соли муносибатҳои дипломатӣ байни давлатҳо заминаи назарраси ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар тамоми соҳаҳо ташаккул ёфтааст.

Рустами Эмомалӣ афзуд, ки равобити парлумонӣ ба густариши тамоми доираи муносибатҳои дуҷониба мусоидат мекунад.

Ҷонибҳо ҳамзамон доир ба вазъ ва дурнамои муносибатҳо дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ табодули афкор намуданд. Раиси Шӯрои федератсия таҷрибаи муваффақи ба мактабҳои Тоҷикистон фиристодани омӯзгорони русро қайд кард.

«Мо аз мақомоти ҷумҳурӣ барои кумаки ҳамаҷониба дар татбиқи ин лоиҳа изҳори сипос мекунем», — афзуд Валентина Матвиенко.

Ҳамзамон ҷонибҳо аз рафти баррасии масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ изҳори қаноатмандӣ карданд. Илова бар ин, дар мулоқот масъалаҳои амният, афзоиши таҳдидҳои фаромиллӣ ва вазъи кунунии Афғонистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ баррасӣ шудааст.Ба гуфтаи раиси Шӯрои Федератсия, Анҷумани байнипарлумонии Русия ва Тоҷикистон оид ба ҳамкориҳои байниминтақавӣ, ки ҷаласаи навбатии он 25 феврал дар Душанбе баргузор мешавад, ба ҳамкориҳо такони иловагӣ хоҳад дод.

Сарчашма: ​Sputnik Tajikistan​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий