< Ду тоҷикистоние, ки дар метро пулисро заданд, бародаронанд: падарашон дархости кумак кард » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Ду тоҷикистоние, ки дар метро пулисро заданд, бародаронанд: падарашон дархости кумак кард

Ду тоҷикистоние, ки дар метро пулисро заданд, бародаронанд: падарашон дархости кумак кард
Падари онҳо кори фарзандонашро нодуруст хонд ва аз ҳамватанон дархости кумак намуд

Ду бародар аз Тоҷикистон дар истгоҳи метрои «Тулская» кормандони пулисаро кӯфтанд. Ин ҳодиса рӯзи 17 феврал рух дод ва феълан муҳоҷирон дар боздошт қарор доранд.Падари ин ду муҳоҷир дар як навори видео бо таассуф изҳор дошт, ки аз кори фарзандони худ розӣ нест ва «онҳо набояд дар мулки бегона ба ин кор даст мезаданд».

Ба таъкиди Расулҷон Ҳамроев ба кормандони милиса фарзанди хурдии ӯ Умар, ки ҳамагӣ 18 сол дорад дарафтодааст.

«Чун дид, ки кормандони милиса бародарашро бо дастчӯб (дубинка) заданд, дигар тоқат накард ва ба онҳо ҳамла овард», — мегӯяд Ҳамроев.

Расулҷон Ҳамроев гуфт, бо адвокатҳо суҳбат кардааст ва онҳо гуфтаанд, ки Саидакрам ва Умар метавонанд бо ҷарима халос шаванд.Ӯ гуфт, барои таъмини ҳимояти ҳуқуқии фарзандонаш ба кумаки молиявӣ эҳтиёҷ дорад. Расулҷон Ҳамроев аз ҳамватанон хост, ки барои пардохти пули адвокатҳои фарзандонаш ба ӯ кумак расонанд.

Ёдовар мешавем, пулиси Маскав видеои бозпурсии Саидакрам ва Умарро нашр кард. Умар ҳангоми бозпурсӣ ба ягон савол ҷавоб надода, хомӯширо ихтиёр кард, вале Саидакрам дар шарҳи он ҳодиса гуфт, ӯ ягон муқовимат нишон надода буд.

Сарчашма: ​Sputnik Tajikistan​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий