Раисҷумҳур беш аз 2 ҳазор зиндониро авф кард: ба муносибати Наврӯз

Раисҷумҳур ба раҳбарияти мақомоти қудратӣ фармуда, ки зиндониҳои авфшударо ҳарчӣ тезтар аз маҳкама озод кунанд, то зудтар назди хонаводаҳояшон бирасанд.
Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба муносибати ҷашни Наврӯз 2028 зиндониро авф кард. Дар ин бора телевизиони Туркманистон хабар медиҳад.
Қарор дар бораи авфро раисҷумҳур дар шӯрои ҳукуматӣ имзо кардааст. Мувофиқи ин қарор зиндониҳое, ки авф шудаанд аз бурдани ҷазо озод мешаванд.
Дар баробари ин раисҷумҳур ба раҳбарияти мақомоти қудратӣ фармуда, ки зиндониҳои авфшударо ҳарчӣ тезтар аз маҳкама озод кунанд, то зудтар назди хонаводаҳояшон бирасанд.
"Зиндониҳоро бахшида мо шароит фароҳам меорем, то ашхосе, ки аз кардаи худ пушаймон шудаанд бо меҳнати ҳалоли худ дар пешрафти кишвар саҳм гузоранд",-гуфтааст кишвардор.
Раисҷумҳур ҳамчунин ба раҳбарони мақомоти маҳаллӣ дастур дода, ки ба зиндониҳои авфшуда барои дарёфти ҷои кор кумак кунанд.
Одатан дар Туркманистон аксияи бахшиши зиндониҳо якчанд маротиба ба муносибтаи ҷашнҳои бузург баргузор мешавад.
Бори охир раисҷумҳури ин кишвар моҳи декабри соли гузашта ба муносибати Рӯзи бетарафӣ зиндониҳоро бахшида буд.
Он замон 796 зиндонӣ ба озодӣ баромаданд.
Комментарии (0)