Абдуллоҳ Ғафуров барои ҷосусӣ ба Аврупо рафтааст (навор)
Як корбари Фейсбук, ки дар ин шабака бо номи Abdulloh Gafurov сабти ном шудааст, шоми 12 март бо нашри як видео дар саҳифааш дар Фейсбук ва дар шабакаи Ютуб эълон кард, ки ӯ дар асл Ҷовидон Ғаюрзодаи Ҳусайн ном дошта, афсари Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) аст, ки барои анҷоми маъмурияти махфӣ ҳамчун гуреза ба Олмон фиристода шудааст. Ӯ мегӯяд, ки ҳадафҳояш аз ҷумла ҷой кардани худ дар роҳбарияти ҲНИТ, ҷамъ овардани маълумот дар бораи тарафдорон ва манбаъҳои сармоягузории ин ҳизб ва муайян кардани роҳбари ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ва фарзандони ӯ дар Олмон буд. Вале, мегӯяд ӯ, тасмим гирифтааст, ки ҳамкориро бо КДАМ қатъ кунад, чунки намехоҳад дар озори тарафдорони мухолифин ва пайвандони онҳо дар Тоҷикистон даст дошта бошад. Тасдиқи иддаоҳои Ҷовидон Ғаюрзодаи Ҳусайн (Абдуллоҳ Ғафуров) тавассути манобеи дигар мушкил аст.
Ҷовидон Ғаюрзодаи Ҳусайн (Абдуллоҳ Ғафуров) дар видеои 17-дақиқагие, ки шоми 12 март нашр кард, мегӯяд, ки ӯ 10 августи соли 1990 дар ноҳияи Восеъ ба дунё омада ва дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ (собиқ Колхозобод) ба воя расида ва бахши муносибатҳои оммааи риштаи журналистикаи Донишгоҳи Қоҳира, пойтахти Мисрро хатм кардааст.
Ӯ мегӯяд, дар Қоҳира тавассути як корманди сафорат, ки аслан афсари амният буд, ба кор дар КДАМ истихдом шуда, баъди чанде барои кор дар бахши ҷосусии ин кумита ҷалб шудааст.
Ба иддаои гӯянда, дар назди вай вазифа гузошта шуда буд, ки дар самти ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ (ҲНИТ) бояд кор кунад.
Бо ҳамин ҳадаф, ӯ соли 2016 дар Фейсбук бо номи Абдуллоҳ Ғафуров саҳифа кушода, бо намояндагони ҲНИТ дар Аврупо тамос барқарор кардааст.
Ҷовидон Ғаюрзодаи Ҳусайн (Абдуллоҳ Ғафуров) мегӯяд, ки ба вай муяссар шудааст, ки ду дафъа дар Истанбул бо намояндагони мухолифин мулоқот кунад: бори аввал бо сухангӯи ҲНИТ Бобоҷон Қаюмзод ва журналист Шуҳрати Раҳматулло ва бори дуюм бо Шуҳрати Раҳматулло ва Салим Кабиров – яке аз фарзандони раиси ҲНИТ ва Паймони миллӣ Муҳиддин Кабирӣ.
Дар ниҳоят, мегӯяд Ҷовидон Ғаюрзодаи Ҳусайн (Абдуллоҳ Ғафуров), барои ӯ рӯзи 25 декабри соли 2018 аз Қоҳира ба Мюнхен фиристодаанд. Ӯ мегӯяд, дар дохили ҳавопаймо шиносномаашро дарронд ва баъди фаромадан дар Мюнхени Олмон худро ба пулис супурда, дархости паноҳандагӣ кардааст.
Ҷовидон Ғаюрзодаи Ҳусайн (Абдуллоҳ Ғафуров) мегӯяд, амалиёте, ки ӯ бояд дар Аврупо дар либоси паноҳҷӯ бояд амалӣ мекард, "Оранж” номгузорӣ шуда буд.
"Ҳадафҳо дар Олмон иборат буданд аз:
1.Аввалин ҳадаф, дохил шудан ба узвияти ҲНИТ.
2.Ҷамъоварии маълумот дар бораи кулли шаҳрвандоне, ки имрӯз дар гирду навоҳи ҲНИТ ҳастанд, ва дар бораи муборизон бояд маълумот ҷамъ оварда мешуду ба марказ пениҳод мешуд, то инки ба падару модар ва хонаводаи эшон фишор ва таъқибҳо равона шавад, то инки сабаби баргаштани фарзандонашон аз Аврупо ва даст кашидан аз мухолифат бо ҳукумати Тоҷикистон шавад. Ин ҳадафи дуюм буд.
3.Ҳадафи дигар – узви Паймони миллии Тоҷикистон шудан.
4.Муайян намудани шаҳрвандони Эрон дар дохили ҲНИТ, ки дар амнияти ҳизби наҳзат кору фаъолият мекунанд, чун туҳматҳои доим болои ҲНИТ мекунанд, ки гапи холӣ аст ва муборизон ҳама худи шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд.
5.Сармоягузорон ва муносибати ҲНИТ бо давлатҳои арабӣ бояд муайян карда мешуданд.
6.Муайян кардани суроғаи дақиқи раҳбари ҲНИТ (Муҳиддин Кабирӣ) дар Олмон ва муайян кардани суроғаи дақиқи фарзандони эшон.
7.Ва яке аз вазифаҳои асосӣ ва муҳим иборат буд аз расидани ман ба муовинии Маҳмудҷони Файзраҳмон, яке аз аъзои Шӯрои олии ҲНИТ, ки алъон масъулияти муносибатҳои хориҷии ҳизбро бар дӯш дорад. Бояд муовини эшон мешудам.
8.Ва робитаи зич бо яке аз фарзандони раҳбари ҲНИТ Муҳаммадҷон Тиллозода буд, ки аввалин суҳбати ман бо ӯ сурат гирифта буд ва мо каме ҳам бошад, риштаи дӯстӣ доштем.
9.Ва вазифаи дигар ҳамчун журналист мавқеи хос пайдо кардан дар васоити ахбори ҲНИТ, дар Паём.нет ва дигар расонаҳо, ки имрӯз мухолифин ҳукумати Тоҷикистонанд.”
Ҷовидон Ғаюрзодаи Ҳусайн (Абдуллоҳ Ғафуров) дар анҷоми ин видеои 17-дақиқагӣ мегӯяд, ба хулосае расид, ки муносибатҳояшро бо КДАМ қатъ кунад, зеро намехоҳад, ки сабаби озори пайвандони тарафдорони мухолифин шавад.
Ҷовидон Ғаюрзодаи Ҳусайн (Абдуллоҳ Ғафуров) дар тақрибан 7 моҳи охир дуюмин нафарест, ки баъди расидан ба Аврупо аз қатъи ҳамкориаш бо КДАМ хабар медиҳад.
Моҳи августи соли 2018 Маҳмадалӣ Расулов ном нафаре низ тавассути Фейсбук хабар дод, ки афсари КДАМ буда, барои таҳияи сӯиқасд ба ҷони раҳбари ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ба Аврупо фиристода шудааст, вале намехоҳад дар ин нақша даст дошта бошад ва ба ин далел ҳамкориашро бо КДАМ қатъ мекунад.
Тасдиқи ин иддаоҳо, ки 7 моҳ пеш аз ҷониби Маҳмадалӣ Расулов ва инак аз сӯи Ҷовидон Ғаюрзодаи Ҳусайн (Абдуллоҳ Ғафуров) садо доданд, имкон надорад, чунки мақомоти амниятӣ маъмулан чунин баёнияҳоро расман шарҳ намедиҳанд. Дар урфи мақомоти амниятии кишварҳои пасошӯравӣ, ки аксараш меросбари КГБ мебошанд, аслан одате нест, ки баёнияҳои кормандони собиқи худро шарҳ диҳанд.
Бо гузашти 7 моҳ аз изҳороти Расулов ҳеҷ шарҳи расмие дар мавриди ӯ аз ҷониби КДАМ ё дигар мақомоти зирабти Тоҷикистон нашр нашудааст ва танҳо муаллифони "фермаи ҷавоб” – гуруҳи таблиғотии троллҳои марбут ба мақомоти амниятии Тоҷикистон дар як силсила матлабҳои худ рафтори Расуловро маҳкум карда ва иддао карданд, ки ӯ ҳеҷ гоҳ корманди КДАМ набуд.
Сарчашма: https://akhbor.com/-p8767-155.htm
Комментарии (0)