Сарозер шудани 8 бинокор аз гунбази "Масҷиди бузурги Душанбе"
Ҳудуди 8 нафар аз бинокорон дар Масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе, субҳи душанбеи 25-уми феврал ҳини кор аз боми яке аз гунбазҳо сарозер шуданд. Ин афродро билофосила дар пайи ҳодиса бо таксӣ ва мошинҳои "Ёрии таъҷилӣ", ба бемористони Қаряи Боло интиқол додаанд. Дар ҳоли ҳозир вазъи саломатии онҳо дақиқ маълум нест.Яке аз бинокорон дар "Масҷиди бузурги Душанбе", ки шоҳиди ҳодиса будааст, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ин коргарон дар баландии ҳудуди 60 метр машғул корҳои кафшергарӣ буданд, ки зинапояи зери пояшон ба замин афтодааст. Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ, ин коргарон дар як бригадаи тобеи як ширкати эронӣ кор мекарданд. Феълан ному насаби онҳое, ки дар ин ҳодиса захмӣ шудаанд, маълум нест.
Масҷиди бузург дар Душанбе дар майдони 12 гектар замин ҷойгир шуда, барои намозгузории ҳамзамони аз 113 ҳазор то 150 000 нафар пешбинӣ шудааст. Ин масҷид, ки дар маркази Душанбе бунёд мешавад, аз 4 манораи баландиаш 75-метрӣ ва як гунбази 47-метрӣ иборат аст.
Дар гузашта мақомот гуфта буданд, ки сармоягузори аслии тарҳ Қатар аст, ки танҳо барои сохтмони бино 70 миллион доллар ҷудо кардааст. Тоҷикистон ҳам гуфта буд, барои бунёди ин масҷид 30 миллион доллар медиҳад. Ба гуфтаи мақомот, ин калонтарин масҷид дар Осиёи Миёна хоҳад буд.
Тагсанг ё хишти аввали сохтмони ин масҷидро раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон соли 2009, дар авҷи таҷлил аз 1310-солагии Имоми Аъзам, пешвои мазҳаби ҳанафӣ, гузошта ва моҳҳои феврал ва ноябри соли гузашта низ аз маҳалли сохтмон боздид карда буд.
Комментарии (0)