< Омори нави сироят, шифо ва фавт аз COVID-19 дар Тоҷикистон » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Омори нави сироят, шифо ва фавт аз COVID-19 дар Тоҷикистон

Омори нави сироят, шифо ва фавт аз COVID-19 дар Тоҷикистон


Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ 45 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ошкор гардид

Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ, шумораи онҳо дар муддати аз 30 апрел то 17 июл ба 6786 нафар расид, хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, то имрӯз дар мамлакат 5483 нафар ё худ 80,7%-и гирифторони COVID-19 шифо ёфта, аз ин беморӣ 56 нафар фавтидаанд.

"Шабонарӯзи охир 171 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 52 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд", - омадааст дар иттилоияи расмӣ.

Манбаъ афзуд, имрӯзҳо дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд. Ба ғайр аз ин, дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кумаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий