< Тоҷикистон шаҳрвандонашро аз АМА бозмегардонад: рӯзи парвоз дақиқ шуд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Тоҷикистон шаҳрвандонашро аз АМА бозмегардонад: рӯзи парвоз дақиқ шуд

Тоҷикистон шаҳрвандонашро аз АМА бозмегардонад: рӯзи парвоз дақиқ шуд


Тоҷикистон дар доираи барномаи бозгардонии шаҳрвандонаш аз кишваҳои хориҷ, тоҷикистониёнро аз АМА ба Ватан меорад

Вазорати умури хорҷиии Тоҷикистон аз парвози вижаи ширкати "Сомон эйр" дар масири Душанбе-Дубай-Душанбе хабар медиҳад.

"Вазорати корҳои хориҷӣ ба таваҷҷуҳи ҳамватанони муқими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мерасонад, ки ба мақсади ба Ватан баргардонидани шаҳрвандони Точикистон тибқи дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 июли соли 2020 парвози чартерии ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" дар масири Душанбе-Дубай-Душанбе ба нақша гирифта шудааст", - омадааст дар хабарнома.

Манбаъ таъкид карда, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ҷиҳати бақайдгирӣ метавонанд ба намояндагиҳои дипломатӣ ва консулӣ дар АМА муроҷиат намоянд.

Вазорати корҳои хориҷӣ барои тамоси мустақим ва маълумоти иловагӣ дар торномааш рақамҳои телефони Сафорати Тоҷикистон дар Абу-Забӣ ва Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Дубайро навиштааст.

Комментарии (0)

Оставить комментарий