< Ҳалокати падару ду духтараш аз бӯи газ дар Хатлон » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Ҳалокати падару ду духтараш аз бӯи газ дар Хатлон

Ҳалокати падару ду духтараш аз бӯи газ дар Хатлон
Дар пайи муъоинаи пизишкӣ сабт шуд, ки Шокиров ва духтаронаш дар натиҷаи сӯхтани ангишт дар бухорӣ кушта шуданд

Дар ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлони Тоҷикистон падару ду духтараш аз бӯи газ кушта шуданд.

Манбаъ дар истинод ба Умеда Юсуфӣ, котиби матбуотии КҲФ Тоҷикистон гуфт, ки ин фоҷеъаи субҳи рӯзи 11 феврал рух дод.

Дар хона ҷасади Зокир Шокирови 49-сола ва Анасу Мадина, духтарони нуздаҳсола ва ҳаждасолаи ӯро пайдо карданд.

Дар пайи муъоинаи пизишкӣ сабт шуд, ки Шокиров ва духтаронаш дар натиҷаи сӯхтани ангишт дар бухорӣ ҳалок шуданд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий