< Шахсиятҳои арзанда хонд: Президент Рустами Эмомалӣ ва муовинонашро шодбош гуфт » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Шахсиятҳои арзанда хонд: Президент Рустами Эмомалӣ ва муовинонашро шодбош гуфт

Шахсиятҳои арзанда хонд: Президент Рустами Эмомалӣ ва муовинонашро шодбош гуфт
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар ҷаласаи якуми Маҷлиси миллӣ аз аъзои нави он тавсиф кард, ки ба гуфтаи ӯ шахсиятҳои арзанда ва соҳиби донишу таҷрибаи кофӣ мебошанд

 Раисиҷумҳури Тоҷикистон Рустами Эмомалиро ба муносибати интихоб шуданаш ба мақоми раиси Маҷлиси миллӣ ва Аҳмадзода Раҷаббойу Файзов Ёдгор Доёровичро бо вазифи муовини аввал ва муовини раиси Маҷлис табрик гуфта, ба онҳо барори кор хост.

“Аъзои Маҷлиси миллии даъвати нав шахсиятҳои арзанда, соҳиби донишу таҷрибаи кофӣ ва фарҳанги баланди сиёсӣ мебошанд”, - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Раисиҷумҳур изҳори боварӣ намуд, ки аъзои нав бо сафарбар намудани нерӯи зеҳнӣ ва донишу таҷрибаи худ дар рушди низоми қонунгузорӣ, боз ҳам беҳтар намудани сифати қонунҳо, таҳкими заминаҳои ҳуқуқии давлат ва ҷомеа нақши назаррас мебозанд.

Ӯ дар хитоб ба аъзои Маҷлиси миллӣ гуфт, хотирнишон месозам, ки ҳар яки шумо роҳбари ин ё он сохтору мақомоти давлатӣ, яъне хизматчии давлатӣ мебошед.

“Аз ин лиҳоз, шумо бояд, пеш аз ҳама, вазифаҳои хизматии худро дар сатҳи баланд иҷро карда, ба давлат ва халқи Тоҷикистон содиқона хизмат намоед”, - таъкид намуд Эмомалӣ Раҳмон.

Комментарии (0)

Оставить комментарий