< Сӯҳбати видеоии вазир бо сафирон: ба тоҷикони дар хориҷбуда кӯмак кунед » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Сӯҳбати видеоии вазир бо сафирон: ба тоҷикони дар хориҷбуда кӯмак кунед

Сӯҳбати видеоии вазир бо сафирон: ба тоҷикони дар хориҷбуда кӯмак кунед
Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо сафирон ва консулҳои тоҷик дар хориҷ сӯҳбт анҷом додю, гуфт ки шаҳрвандони армондаи Тоҷикистонро дар хориҷа дастгир кунанд

Чанде пеш Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии мамлакат дар хориҷа конфронси видеоӣ баргузор намуд.

Тавре АМИТ "Ховар" бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар он вазъи кунунӣ дар кишварҳои ҷаҳон бар асари ҳамагирии вируси нави корона баррасӣ шуд.

Ҳамчунин роҳҳои ҳалли мушкилоти шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар дигар кишварҳо дармондаанд, чораҳои пешгирии паҳншавии бемории мазкур дар ҷумҳурӣ, пайомадҳои иқтисодиву иҷтимоии ҳамагири COVID-19 дар мамлакат, инчунин вусъат додани ҳамкории иқтисодӣ бо кишварҳои шарик ва созмонҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий