< Раҳмон баъди гирифтани розигӣ 7 фармони таъйину барканориро имзо кард » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Раҳмон баъди гирифтани розигӣ 7 фармони таъйину барканориро имзо кард

Раҳмон баъди гирифтани розигӣ 7 фармони таъйину барканориро имзо кард
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, баъди гирифтани розигии Маҷлиси миллӣ имрӯз фармонҳо барои барканорӣ ва таъйинот дар раёсати Додситонии кулли кишварро имзо намуд

 Бо фармонҳои Эмомалӣ Раҳмон, Абдуғаффор Ҳикуматуллозода, муовини якуми додситони кул ва Зоирзода Икром Оймаҳмад,  муовини додситони кул, – Сарпрокурори ҳарбии Тоҷикистон таъйин гардиданд.

Инчунин раисиҷумҳури Тоҷикистон, Дилшод Талбакзода ва Мирзоамон Рофизодаро ба мақоми муовинони додситони кулли кишвар таъйин намуд.

Аз миёни муовинони пешини додситони кул - прокурори генералӣ, як нафар ба нафақа фиристода шуда, боқимонда соҳиби мақомҳои нав гардиданд. Ҳотам Назарзода аз вазифаи муовини аввали додситонии кулли Тоҷикистон ба нафақа баромада боқимонда вазифаҳои нисбатан пасттар гирифтанд.

Муҳаммадиброҳим Осимзода ноиби пешини додситони кул вазифаи додситони шаҳри Ҳисор ва ҳамтои дигараш - Валӣ Ваҳобов, мақоми ноиби додситони вилояти Суғдро гирифт.  Сафаралӣ Мирзозода, собиқ Сарпрокурори ҳарбии Тоҷикистон ба мақоми муовини фармондеҳи қӯшунҳои сарҳадӣ таъйин шуд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий