ВУХ сафари Раҳмонро ба Маскав тасдиқ кард

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон расман тасдиқ намуд, ки раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон барои таҷлили Рӯзи Ғалаба озими шаҳри Маскав мешавад
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳузурашро дар маросими расмии таҷлил аз 75 - умин солгарди рӯзи Ғалаба бар фашизм дар Федератсияи Русия тасдиқ намуд. Дар ин бора Вазири умури хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
"Тоҷикистон иштироки сарвари давлатро дар чорабиниҳои тантанавӣ ба муносибати 75-солагии Рӯзи Ғалаба тасдиқ кард", - изҳор дошт вазири корҳои хориҷӣ.
Ба гуфтаи вазири тоҷик, ин ид аҳамияти ҷаҳонӣ дорад.
Ёдовар мешавем, ки Владимир Путин, президенти Русия ба ҳамтои тоҷикаш даъватнома ирсол кардааст.
Пештар хабар дода шуд, ки Қӯшунҳои мусаллаҳи Тоҷикистон низ дар роҳпаймоии тантанавӣ дар Майдони Сурх иштирок хоҳанд кард.
Имсол, 9 май аз Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватан 75 сол сипарӣ мешавад.
Пештар Владимир Путин ба таҷлили Рӯзи Ғалаба як қатор сарони кишварҳо, аз ҷумла раисҷумҳури Амрико Доналд Трампро даъват карда буд.
Пештар ёвари раисҷумҳури Русия Юрий Ушаков гуфта буд, ки 17 президент иштирокашонро дар ин чорабинии пуршукӯҳ тасдиқ карданд.
Комментарии (0)