< 13 қарори Президент: аз барканории мудири фурудгоҳи Кӯлоб то таъини муовини вазири дифоъ » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

13 қарори Президент: аз барканории мудири фурудгоҳи Кӯлоб то таъини муовини вазири дифоъ

13 қарори Президент: аз барканории мудири фурудгоҳи Кӯлоб то таъини муовини вазири дифоъ
Котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон амру фармонҳои президент ва қарорҳои Ҳукумат дар бораи таъиноти кадрии ахирро ироа кард

Котиботи раисҷумҳури Тоҷикистон қарорҳои Ҳукуматро, ки Эмомалӣ Раҳмон имрӯз имзо кард, пешниҳод намуд.
  • Маҳмадзода Сӯҳроб Талбак бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини вазири мудофиа оид ба аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ — Сардори раёсати аслиҳа ва техникаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
  • Маҷидзода Аҳлиддин Абдулҳай бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи сардори Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
  • Комилов Алӣ Фозилович бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб" озод карда шавад.
  • Садулоев Асламбек Юсуфович бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи роҳбари Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии "Данғара" озод карда шавад.
  • Мамадаминов Ҳасан Мамадаминович бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи роҳбари Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии "Панҷ" озод карда шавад.
  • Каримзода Саъдӣ Ғафор бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи директори Муассисаи давлатии "Маркази идораи лоиҳаи "Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо" озод карда шавад.
  • Шоҳиён Абдусаттор муовини Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
  • Қодирзода Диловар Баҳриддин муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
  • Собирзода Нуралӣ Миралӣ муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
  • Ҳомидзода Нуралӣ Раҳматулло директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб" таъин карда шавад.
  • Абдуллозода Мустафо Рустам роҳбари Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии "Кӯлоб" таъин карда шавад.
  • Ятимзода Муҳаммад Аҳмад роҳбари Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии "Данғара" таъин карда шавад.
  • Нурзода Рухсора Хайриддин муовини якуми директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон "Ховар"-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий