< Президент муовини аввали Озода Раҳмонро таъин кард » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Президент муовини аввали Озода Раҳмонро таъин кард

Президент муовини аввали Озода Раҳмонро таъин кард
Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 24 январ чанде аз ёварони худро аз кор озод карда муовини аввали Озода Раҳмонро таъин намуд

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозодаро муовини аввали Дастгоҳи Иҷроияи Президент таъин кард.

Абдуллозода Аҳтам Рустам бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод шуда, ба вазифаи муовини аввали роҳбари Дастгоҳи Иҷроияи Президент таъйин шуд.

Дар баробари ин, Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид, бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи ёрдамчии раисиҷумҳури Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ озод гардид.

Неъматулло Ҳикматуллозода аз мақоми вазири рушди иқтисод ва савдо барканору ёрдамчии раисиҷумҳури Тоҷикистон дар масоили иқтисодӣ таъин гардид. 

Ҳамчунин мувофиқи фармони Президент ёвари президенрт дар умури робита бо ҷомеа аз мақомаш барканор ва ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъйин шуд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий