Тағйироти кадрии бузург дар ВМКБ: Ёдгор Файзов масъулини баландпояро ба нафақа гусел кард

Ёдгор Файзов баъзе аз кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро ба нафақа гусел намуд
Субҳи имрӯз раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов баъзе аз кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро ба нафақа гусел намуданд.
Бино ба гузориши хадамоти матбуоти мақомоти ВМКБ, раиси вилоят аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон барои хизматҳои шоистаи онҳо изҳори сипос намуда бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намудааст:
- Маҳтобшозода Арамбегим Бозор - мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита ҷомеаи дастгоҳи раиси ВМКБ
- Азорабеков Сардорбек - сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита ҷомеаи дастгоҳи раиси ВМКБ
- Раҳматшоева Покиза Назаршоевна - сармутахассиси шуъбаи ҳамкориҳои иқтисодии хориҷии Раёсати рушди иқтисод ва савдо Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон
- Рамазонов Рамазон Гулаёзович - намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон дар шаҳри Душанбе.
- Кучакшоев Акрамхон ба вазифаи намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон дар шаҳри Душанбе.
- Асламшоева Нилуфар ба вазифаи мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита ҷомеаи дастгоҳи раиси ВМКБ
- Имомназар Хоҷаназар Лутфулло ба вазифаи сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита ҷомеаи дастгоҳи раиси ВМКБ таъин гардиданд.
Комментарии (0)