< Санҷишҳо дар соли 2020: Давлаталӣ Саид ҷаласа баргузор кард » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Санҷишҳо дар соли 2020: Давлаталӣ Саид ҷаласа баргузор кард

Санҷишҳо дар соли 2020: Давлаталӣ Саид ҷаласа баргузор кард
Дар Вазорати рушди иқтисод масъалаи санҷишҳо ва мараторий дар нӯҳ моҳи соли равон ва нақшаи санҷишҳо дар соли 2020 баррасӣ шудааст

 Дирӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ҷаласаи ҳаштуми Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ таҳти раёсати муовини якуми сарвазир, раиси Шӯро Давлаталӣ Саид баргузор гардид.

Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар»  иттилоъ  медиҳад.

Гуфта мешавад, ки дар ҷаласаи мазкур, муовини якуми сарвазири Тоҷикистон, раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ Давлаталӣ Саид, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси Шӯро Фаррух Ҳамрализода ва дигар шахсони масъул иштирок намудаанд.

Дар ҷаласа гузоришҳо оид ба ҷараёни иҷрои Протоколи №6 ва 7-и Шӯрои мазкур оид ба рафти санҷишҳои гузаронидаи мақомоти санҷишӣ ва татбиқи қонунгузории мараторий ба санҷишҳо дар 9 моҳи соли равон баррасӣ шудааст.

Ҳамчунин, баррасии номгӯи меъёрҳои арзёбии дараҷаи таваккали субъектҳои хоҷагидор, номгӯи масъалаҳои назорати мақомоти санҷишӣ ва нақшаҳои гузаронидани санҷишҳо барои соли 2020, ки аз ҷониби мақомоти санҷишӣ барои мувофиқа ба Шӯро пешниҳод гардиданд, мавриди баррасӣ қарор дода  шудаанд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий