< Бо супориши Файзов мансабдорони ВМКБ-ро кодекси одоб меомӯзонанд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Бо супориши Файзов мансабдорони ВМКБ-ро кодекси одоб меомӯзонанд

Бо супориши Файзов мансабдорони ВМКБ-ро кодекси одоб меомӯзонанд
Дар омӯзиш қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, кодекси одоби хизматчии давлатӣ, омӯхтани забонҳои англисӣ ва русӣ ба роҳ монда мешавад

Бо супориши раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон Ёдгор Файзов кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба омӯзиш фаро гирифта мешаванд.
Бино ба гузориши дафтари матбуотии раиси ВМКБ, дар омӯзиш қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, кодекси одоби хизматчии давлатӣ, омӯхтани забонҳои англисӣ ва русӣ ба роҳ монда мешавад.

"Раиси вилоят дар машварат бо кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон қайд карданд, ки кадрҳои ҷавони мақомот бояд ба талаботҳои давлати ва байналмиллалӣ ҷавобгӯ бошанд", - омадааст дар хабарнома.


Ҳамин тавр, 20 нафар кормандони мақомоти вилоят, ки дар мансабҳои хизмати давлатӣ адои вазифа мекунанд, барои дохил шудан ба бахши магистратураи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиҳон супориданд.

Аз 20 хизматчии давлатӣ, танҳо 8 нафар ба бахши магистратураи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шуданд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий