Сооронбой Жээнбеков ба сафири тоҷик аз "кӯшиш" - ҳои худ ва Эмомалӣ Раҳмон гуфт

Сооронбой Жээнбеков раисиҷумҳури Қирғизистон сафири Тоҷикистон дар ин кишвар Суҳроб Олимзодаро ба ҳзуур пазриуфтааст
Сафири Тоҷикистон дар Бишкек бо Сооронбой Жээнбеков, раисҷумҳури Қирғизистон дидор кард, гузориш медиҳад, котиботи раисиҷумҳури Қирғизистон.
Бино ба иттилоъи дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, раисҷумҳури Қирғизистон дар ин мулоқот кӯшишҳои муштараки худ ва Эмомалӣ Раҳмонро барои тавсеъаи минбаъдаи робитаҳои ҳамаҷонибаи ду кишвар, таъкид кардааст.
Суҳроб Олимзода ба раисҷумҳури Қирғизистон дар бораи кӯшишҳои Тоҷикистон барои густариши ҳамкорӣ бо ҶҚ дар заминаҳои фарҳангӣ ва инсондӯстӣ гузориш додааст.
Ёдрас мешавем, ки моҳи ноябр, вазири умури хориҷии Қирғизистон барои баррасии масоили марзӣ, сафири фавқуллодаи Тоҷикистон дар Қирғизистон Сӯҳроб Олимзодаро ба наздаш даъват намуда буд.
Ҷонибҳо масъалаҳои муносиботи дуҷонибаи Қирғизистон ва Тоҷикистонро баррасӣ карда буданд.
Олимзода ва Айдарбеков санҷиши иҷрои созишномаҳои марбут ба демаркатсия ва делимитатсияи сарҳадотро баррасӣ карданд ва муайян намуданд, ки созишҳо то кадом сатҳ анҷом дода шудаанд.
Комментарии (0)