< Нахустин сафари Рустам ба ҳайси шаҳрдорӣ: ӯ озими Тошканд шуд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Нахустин сафари Рустам ба ҳайси шаҳрдорӣ: ӯ озими Тошканд шуд

Нахустин сафари Рустам ба ҳайси шаҳрдорӣ: ӯ озими Тошканд шуд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ озими Тошканд шуд. Ин нахустин сафари Рустам ба ҳайси раиси шаҳри Душанбе мебошад

Шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ бо сафари расмӣ озими шаҳри Тошканд шуд, хабар медиҳад Sputnik Узбакистон.

Бар хабари манбаъ, ба фурудгоҳ барои пешвози раиси шаҳри Душанбе ҳокими шаҳри Тошканд Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев омадааст.

Бояд зикр кард, ки ин нахустин сафари Рустами Эмомалӣ ҳамчун шаҳрдори Душанбе ба берун аз Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Гуфта мешавад шаҳрдорони Душанбе ва Тошканд масъалаҳои татбиқи созишномаи роҳбарони ду пойтахт, ки моҳи марти соли гузашта ҳангоми сафари  Мирзиёев ба Тоҷикистон имзо шуда буданд, баррасӣ мекунанд.

Гузашта аз ин, ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ байни Душанбе ва Тошканд, инчунин тасдиқи барномаи ҳамкорӣ байни ду шаҳр барои соли 2020- ро мавриди муҳокима қарор медиҳанд.

Рустами Эмомалӣ, ки ҳамагӣ 31 - сол дорад сар аз 4 *- уми апрели соли 2017 бо фармони раисҷумҳури Тоҷикистон раиси шаҳри Душанбе интихоб гардид.

Комментарии (0)

Оставить комментарий